Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «ШӮРОИ ДЕПУТАТҲОИ МАРДИКОРОН»

«ШӮРОИ ДЕПУТАТҲОИ МАРДИКОРОН»

«ШӮРОИ ДЕПУТАТҲОИ МАРДИКОРОН», ташкилоти революциониест. ки 20 маи  1917 дар ш. Хуҷанд мардикорони аз ақибгоҳи армияи амалкунандаи Россияи подшоҳӣ баргашта таъсис карда буданд. Ҷ.Зокиров, Ҳ.Усмонов, Абдуқодир Раҳимбоев, Р. Эгамбердиев, низ ба ҳайати роҳбарикунанда дохил мешуданд. Мақсади асосии «Ш. д. м.» муташаккил намудани мардикорони аз ақибгоҳи фронт омада, ҳимоя кардани ҳуқуқҳои сиёсию иқтисодӣ ва бурдани корҳои маърифатӣ дар байни онҳо буд. Ба фаъолияти «Ш. д.м.» ташкилоти большевикии Хуҷанд (сарвараш Е. А. Иваницкий) роҳбарӣ мекард. Июни 1917 «Ш. д. м.» бо «Иттифоқи коргарони маҳаллӣ»-и Хуҷанд муттаҳид шуда, Шурои партияи депутатҳои коргарони маҳаллӣ (ШПДКМ) ном гирифт; 29 июли 1917 бо ташкилоти интернационалии «Иттифоди меҳнаткашон» муттаҳид шуд.

Т. Каримов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …