Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ ДЕҲҚОНОНИ ВОЛОСТИ ГУЛАКАНДОЗ ВА НОВ

ШӮРИШИ ДЕҲҚОНОНИ ВОЛОСТИ ГУЛАКАНДОЗ ВА НОВ

ШӮРИШИ ДЕҲҚОНОНИ ВОЛОСТИ ГУЛАКАНДОЗ ВА НОВ, ошӯби деҳқонони камзамину безамин барои об ба муқобили заминдорони калон. Ш. 13 авг. 1911 дар деҳаҳои Янгиқишлоқи Ғулакандоз (ҳудуди р-ни Пролетари ҳозира) cap зад. Сардори уезди Хуҷанд барои пахш кардани Ш. аз губернатори Ҳарбии Самарқанд ёрӣ пурсид. Барои шикаст додани шуриши деҳқонони Ғулакандоз се взводи казакон фиристода шуд. Дар натиҷа шуриш пахш гардид. 31 янв. 1912 деҳқонони қарздори деҳаи Фармонқурғони волости Нов шӯриш бардоштанд. Шӯришгарон бо таппонча, милтиқ, корд ва ғ. мусаллаҳ буданд. Онҳо нотарсона ба хонаи судхури калони деҳа ҳамла оварда, уро куштанд ва ба маблағи 5 ҳаз. сӯмина худдату руйхти қарздоронро нобуд карданд. Ҳукумати подшоҳӣ барои кушта шудани судхур аз деҳқонони шӯришгар қасос гирифт. 12 наф. деҳқононро ба суд кашиа, 2 наф.-ро овехта, боқиро бадарға карданд.

Г. Каримов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …