Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ БОБИЁН

ШӮРИШИ БОБИЁН

ШӮРИШИ БОБИЁН, шуриши халқии зиддифеодалист дар Эрон, ки с-ҳои 1842—52 ба амал омадааст. Дар он ҳунармандон, савдогарони майда, камбағалони шаҳр, деҳқонон ва намояндагони руҳониёни хурд иштирок доштанд Шуриш оҳанги динӣ дошт. Ба он аъзоёни фирқаи бобия роҳбарӣ мекарданд ва аз ин рӯ бо ними «шуриши бобиён» машҳур аст.

Шуриш сент. 1848 дар Мозандарон cap шуд. Бобтён дар назди мақбараи шайх Таберсӣ дар соҳили д. Толор бо роҳбарии Мулло Муҳамадалии Борфурушӣ ва Мулло Ҳусайни Бошруя қалъае сохтанд Вақти зиёде нагузашта шумораи онҳо ба 2 ҳаз. наф. расид. Шуришгарон моликияти хусусиро барҳам дода, баробарӣ, аз ҷумла барабарҳуқуқии занонро эълон карданд ва дар қароргоҳи худ хуроки умумӣ ҷорӣ намуданд. Шуришгарон ҳамлаҳои доимии дастаҳои феодалони маҳаллӣ ва аскарони ҳукумати шоҳро муддати 8 моҳ боздоштанд. Танҳо маи 1849 ба қушунҳои шоҳ муяссар гардид бо фиреб бобиёнро аз қалъа берун оварда, саросар қатъ кунанд. Ва бо ин ҳама онҳо шуришро пахш  карда натавонистанд Маи 1850 дуюмин шуриши калонтарини бобиён дар ш. Занҷон бо роҳбарии Мулло Муҳаммадалии Занҷонӣ руй дод, ки он аз ҷиҳати муташаккилӣ ва қудрат аз дигар шуришгарон бартарӣ дошт. Аксариятп шуришгарон косибон, савдогарони майда, деҳқонон буданд. Занон низ дар он фаъолона иштирок доштанд ва барообри мардон меҷангиданд. Бобиёни Занҷон барпо намудани чунин ҷамъияти одилонаеро расман эълон карданд, ки одамони он мебоист хушбахтона умр ба cap баранд. Дигар чорабиниҳои онҳо ба шиорҳои мозандарониён шабоҳат доштанд. Шумораи бобиёни Занҷон то миёнаи с. 1850 ба 100 ҷо. расид

Ҳукумат бо мақсади хотима гузоштан ба шуриш июли 1850 Бобро қатл намуд. Вале шуриш беш аз пеш авҷ гирифт. Дар Занҷон шуриш то ох. 1850 давом кард. Ҳуҷумҳои армияи шоҳ натиҷае набахшиданд. Ниҳоят фермондеҳи армияи шоҳ ҳамон усули Мозандаронро ба кор бурда, бо роҳи фиреб бобиёнро аз паноҳгоҳ берун овард ва пахш намуд.

Сеюмин ва охирин шуриши бобиён июни 1850 дар ш. Найрез бо роҳбарии Аҳьёи Доробӣ руй дод. Қушунҳои шоҳ бо ёрии дастаҳои феодалони маҳаллӣ ин шуришро низ бераҳмона пахш карданд.

Ад.: Иванов М. С., Бабидскне восстания в Иране (184$—52 гг). М.—Л.. 1939.

Г. Муҳиддинов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …