Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ СОЛИ 1916 ДАР ОСИЁИ МИЁНА ВА ҚАЗОҚИСТОН

ШӮРИШИ СОЛИ 1916 ДАР ОСИЁИ МИЁНА ВА ҚАЗОҚИСТОН

ШӮРИШИ СОЛИ 1916 ДАР ОСИЁИ МИЁНА ВА ҚАЗОҚИСТОН, хуруҷи оммавии зиддиимпериалистӣ, зиддимустамликавӣ, зиддиҳарбӣ ва зиддифеодалии халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон, ки дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) ба амал омада буд. Императори Россия Николайи 2 25 июни 1916 дар бораи ба корҳои ақибгоҳи фронт сафарбар кардани аҳолии маҳаллии Осиёи Миёна ва Қазоқистон фармон баровард, ки он боиси норизоӣ ва хуруҷи умумии халқҳои тоҷику узбек, қазоқу қирғиз, туркмену қароқалпок ва диг. гардид Мувофиқи фармон мардони аз 19 то 43-солаи маҳаллӣ мебоист ба корҳои сохтмони иншоотҳои мудофиавии маҳаллӣ армияи амалкунанда ва диг. корҳои мудофиавӣ сафарбар мешуданд. Бо ин мақсад мебоист аз Осиёи Миёна 250 ҳаз. кас ва аз Қазоқистон 80 ҳаз. кас сафарбар карда мешуд. Дар шаҳру деҳоти Осиёи Миёнаю Қазоқистон мардум ба шур омада, аз иҷрои фармон саркашӣ намуданд. Исьёнҳои алоҳида тадриҷан ба шуришҳои оммавӣ табдил ёфтанд. Халқҳои маҳаллӣ ба моҳияти синфӣ ва мақсади ғоратгаронаи сиёсати ҳукумати подшоҳӣ сарфаҳм мерафтагӣ шуданд.

shurish-dar-os-miyona

Ш. 4 июли 1916 аз хуруҷи аҳолии ш. Хуҷанд оғоз ёфта (ниг. Шуриши соли 1916 дар Хуҷанд), сипас тамоми Осиёи Миёна ва Қазоқистонро фаро гирифт, ки дар он бсштар аз 10 млн наф. аҳолӣ иштиирок дошт. Хуруҷҳои халқӣ дар шаклҳои гуногун (эътирози оммавӣ, корпартоии коргарон, хоҷагии бою кулакҳо ва овулҳоро партофта ба дашту куҳсор баромада рафтани батракҳо, фирори мардум ба хориҷа, барҳамзании руйхати даъватшавандагон, ба маъмурони подшоҳӣ итоат накардан, хароб кардани манзилгоҳ ва молу мулки боёну кулакҳо, задухурдҳои мусаллаҳ бо полиция ва аскарони подшоҳӣ ва ғ.) зуҳур меёфт.

Шуришгаронро зиёиёини пепшқадами миллӣ дастгирӣ карданд. Миллатчиёни буржуазӣ, феодалони иртиҷоъпараст, панисломистҳою пантуркистҳо бошанд, ҳаракати озодихоҳони миллии халқҳои маҳаллиро ба манфиатҳои синфии худ истифода карданӣ шуданд.

Ҳукуматдорони подшоҳӣ аз вусъати шуриш ба воҳима афтода, 17 июли 1916 дар кишв. Туркистон ҳолати ҳарбӣ эълон карданд. Амалдорони ҳукумати подшоҳӣ шуришгаронро тирборон, ҳабс ва бадарға намуда, аз молу мулк маҳрум месохтанд. Буржуазияи миллӣ, боёну амалдорон, руҳониёни иртиҷоӣ ба ҳукуматдорони подшоҳӣ дар торумори шуриши халқӣ ҳамаҷониба кумак мекарданд. Шуришгарони беяроқу номуташаккил ба муқобили қушунҳо ва полицияи мусаллаҳи подшоҳӣ ва истисморгарони маҳаллӣ тоб оварда натавонистанд. Ш. бераҳмона пахш карда шуд. Вале шуришгарон муборизаро тамоман қатъ накарданд: дар ноҳияҳои зироаткорӣ мубориза то охирҳои тобистон ва дар ноҳияҳои чорводорӣ то миёнаҳои тирамоҳи с. 1916 давом кард. Шуриши халқӣ хусусан дар ноҳияю даштҳои Қазоқистон ва бештар аз ҳама дар вилояти Турғай хеле шиддат гирифт.

Ш. ба мағлубият дучор шуда бошад ҳам, ба рафти инкишофи минбаъдаи воқеаҳои сиёсию иҷтимоии ин сарзамин таъсири калон расонд. Аҳамияти таърихии Ш. пеш аз ҳама дар он аст, ки вай ба сиёсати мустамликавии ҳукумати подшоҳии Россия зарбаи сахт зад, пояҳои ҳокимияти онро хеле суст кард, ҳисси нафрату адовати халқҳои маҳаллиро нисбат ба мутлақияти подшоҳӣ, ҳукуматдорони вай ва дигар) истисморгарон пурзур намуд, боиси хубтар шинохтани истисморгарони маҳаллӣ гардид ва ба баланд шудани шуури сиёсию синфии меҳнатнашон мусоидат кард.

Ад.: Ленин В. И.. Чамъбастхои мубоҳиса дар бораи худмуайянкунӣ. Ас..

Н- 22; Турсунов X. Т.. Восстание 1916 г. в Средней Азии и Казахстане,

Ташкент 1962; Победа Советской власти в Средней Азии и Казахстане, Ташкент,

  1. И. Келдиев, У. Назиров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …