Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШУОЪАФКАНӢ

ШУОЪАФКАНӢ

ШУОЪАФКАНӢ, 1) Ш.-и электромагнитӣ, афканишоти мавҷҳо ва майдони электромагнитии тағйирёбандаро гӯянд. Тибқи физикаи классикӣ Ш. дар натиҷаи ҳаракати бошитоби зарраҳои зарядноки электрикӣ (аз ҷумла ҷараёнҳои тағйирёбанда) ба вуҷуд меояд. Дар назарияи квантӣ Ш. ҳамчун тавлиди фотонҳо ҳангоми гузаришҳои атомҳо, молекулаҳо ва дигар системаҳои атомӣ аз ҳолати ангехта ба ҳолати энергияаш хурд муоина карда мешавад. Шуоъафкании индукционӣ, шуоъафкании тормозӣ ва шуоъафкании ҳароратӣ, инчунин люминесценцияро фарқ мекунанд. 2) Ш.-и радиоактив се хел мешавад: алфа-нурҳо, бета-нурҳо ва гамми-нурҳо. 3) Ш.-и садо — ангезиши мавҷҳои садо дар муҳити чандир (ҳаво, об), ки манбаи садоро иҳота мекунанд.

shuoafkani

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …