ШУНГ, шинг, биндишкзабон, мурғзабонак, забони гунҷишк, дарахти гунҷишкзабон, сияҳбед (Fraxinus sog-l diaoa), як навъ дарахти хазонрезест аз оилаи зайтуниҳо. Дар шароити табиӣ то 20 (баъзан то 28) м қад мекашад. Танааш рост (диаметраш то 60—70 см), сершоху сербарг аст. Пустлохаш хокистарранги зардтоб. Баргаш паршакл, мураккаб (аз 3—6 ҷуфт баргча иборат аст). Гулаш майда; косабарг ва гулбарг надорад (аз 2 гардбарг ва тухмдон таркиб ёфтааст). Тухмаш дарозруя.
Ш. дар шароити табии Помиру Олой аз тухм зиёд мешавад. Вале ниҳолҳои наврӯстаи он дар натиҷаи норасоии намии хок ба зудӣ нобуд мешаванд; фақат дар наздикии об ва соҳили дарьёҳо мемонанд. Дар давоми 20 сол қади Ш. ҳамагӣ ба 2 м мерасад. Минбаъд тезтар месабзад; Ш.-и 30-сола то 5 м, 40-сола 6,5 м, 50-сола тақр. 10 м ва 70-сола қариб 18 м қад мекашад. Ш.-и 100— 120 сола ҳам вохурдааст. То 300 сол умр дидани Ш.-ро низ қайд кардаанд.
Ш.-и худрӯй фақат дар куҳсори Осиёи Миёна (Помиру Олой, Тиёншон ва Кабуддоғ) мерӯяд. Дар Тоҷикистон (қ-куҳҳои Ҳисор, Дарвоз, Қаротегин, Вахш, Зарафшон, Туркистон ва ғ.; 1000—2000 м аз с. б.) бештар дар соҳили дарьёҳо нуму меёбад. Шунгзорҳои васеъ дар Помиру Олой хеле каманд. Шунгзори начандон калонро фақат дар се маҳалли республика (қ-куҳҳои Пётри I, Ҳисор ва Ҳазратишоҳ) ба ҳисоб гирифтаанд. Ш. одатан бо чормағз, сафедор, дулона, олуча, бед, гулхор, зирк ва ғ. ҳамроҳ месабзад.
Ш.-ро ҳоло барои сабзкории бисьёр шаҳрҳои Узбекистон, Қазоқистон. Қигғизистон, Тоҷикистон ваҚрим истифода мебаранд. Ш.-ро дар Боғи ботаникии Ин-ти ботаникаи АФ РСС Тоҷ. аз с. 1933 ии ҷониб мепарваранд. Дар шароити Душанбе муътадил нашъунамо меёбад; нисбатаи тез месабзад. Ш.-и 20—22-сола 17—18 м (диаметри танааш 35—40 см) қад мекашад. Авв. март гул карда авв. апр. барг мебарорад. Тухмаш сент, мепазад.
Ш. дар соҳаи ҷангалдорӣ низ аҳамияти калон дорад. Соҳили дарьёҳоро мустаҳкам менамояд. Мардум Ш.-ро дарахти «муқаддас» меҳисобанд ва онро намебуранд. Ш. чун растании доруӣ аз замонҳои қадим маълум аст. Ҷиҳатҳои шифобахшии онро Дискуридус (Диоскорид), Долинус (Гален), Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Абуалии Сино тавсиф кардаанд. Мас., мувофиқи гуфти Сино, тухми Ш. ба дил тақвият мебахшад, хафақонро барҳам медиҳад ва баргаш давои ҷароҳат аст. Дар тибби халқӣ ҷӯшоби шохчаву навдаи сербарги Ш.-ро барои табобати сил ва дарди пайвандак истифода мебаранд.
Ад.: Ибн Сино. Канон врачебной науки, кн. 2, Ташкепт, 1956: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана. Д., 1965; Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Л., 1976.