Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШУМОРА

ШУМОРА

ШУМОРА, яке аз ҳиссаҳои нутқ, ки миқдор ва тартиби предметҳоро бо адад ифода мекунад ва ададҳои муҷаррад (алоҳида, беном, абстракт)-ро номбар менамояд. Mac., 1 китоб, 512 рӯзи меҳнат, ду зарби ду баробари чаҳор, ҳафту ҳашт — понздаҳ ва ғ. Ш.-ҳо калимаҳои мустақилмаъноянд. Вақте ки онҳо бо исмҳо омаданд, миқдори конкретро мефаҳмонанд. Дар забони тоҷикӣ якчанд  исмҳо — аксарият, ақаллият, ҷонишинҳо — чанд, ҳамон қадар, зарфҳо— андак, бисьёр ва ғ. ҳастанд, ки ададҳоро ифода накунанд ҳам, то андозае миқдори предметҳоро мефаҳмонанд, вале онҳо Ш. шуда наметавонанд, зеро Ш. аз адад ба вуҷуд меояд.

shumora

Ш. аз ҷиҳати маъно ва вазифа ба ду гуруҳи калон — миқдорӣ ва тартибӣ ҷудо мешавад. Ш.-ҳои микдорқ се хеланд; 1) аслӣ -ҳазор, ҳафтоду панҷ ҳазор ва ғ.; 2) тахминӣ — понздаҳ-бист, панҷ-шаш ва ғ.; 3) касрӣ — сеяк, ва чор як, панҷяк ва ғ. Ш.-ҳои тартибӣ аз Ш.-ҳои миқдорӣ ба воситаи суффиксҳои -ум (-юм), -умин (-юмин) ба вуҷуд меоянд: дуюм, панҷумин, ҳафтумин. Ш.-и тартибӣ дар хат бо рақамҳои римӣ ояд, бе -ум (-юм), навишта мешавад (Съезди XXVII партия, Конгресси XXV шарқшиносон); дар хондан -умро ҳамроҳ карда талаффуз мекунанд. Ш.-ҳо аз ҷиҳати сохт чор хел — содда (як, чор, сӣ, сад, ҳазор), сохта (якум, дуюм), мураккаб (чордаҳ, дусад) ва таркибӣ (бисту панҷ, дусаду панҷоҳу ҳашт) мешаванд. Ш-ҳои забони тоҷикӣ якчанд хусусиятҳои грамматикӣ (морфологӣ, синтаксисӣ) доранд. Хусусиятҳои морфологии Ш.-хо: дар ҷумла ба вазифаи исм меоянд: Аҳмад имрӯз панҷ гирифт; аломати категорияи номуайянӣ (-е)-ро намегиранд; нумератив қабул мекунанд: чорта, чор дона, чор нафар ва ғ. Хусусиятҳои спнтаксии Ш.-ҳо: дар ҷумла ба -вазифаи муайянкунанда ва ҳол меоянд: даӣ нафар шогирд, панҷ-шаш ҷилд китоб, курси чорум, шашяки ҷаҳон, чоряки соат ва ғ.

Ш.-ҳои асосии забони тоҷикиро то миллиард бо бисту як калимаи решагӣ (як, ду, се, чор — чаҳор, панҷ шаш, ҳафт, ҳашт, нуҳ, даҳ, бсст, сӣ, чил — чиҳил, панҷоҳ, шаст, ҳафтод. ҳаштод, навад, сад, ҳазор, миллион) ифода кардан мумкин аст. Ададҳои то ҳазор тақр. дар ҳамаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ немисӣ ва ғ.) аз як реша ба вуҷуд омада, аз ҷиҳати талаффуз ҳам ба якдигар наздиканд. Ин далели oн аст, ки Ш.-ҳо (умуман ададҳо ва шумурдан) дар замони қадим бо тақозои зиндагии мардум ба вуҷуд омада, ба воқеият алоқа доранд.

Ад.: Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, ҷ- 1, Д., 1986.

Ҳ. Каримов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …