Маълумоти охирин

ШУЪАЙБ

ШУЪАЙБ  мувофиқи ривоятҳо, пайғамбарест, ки иддаи зиёди мардум ба вай имон наоварданд ва боиси ғазаби худо гардидаид. Худо ба сари мардум гармо Фиристодааст. Одамон ба гармо тоб наоварда ба саҳро рафтаанд ва ба зери сояи абре паноҳ бурдаанд. Гумони одамон хато мебарояд ва аз қазо аз абр ба сари мардум оташ меборад ва онҳоеро, ки ба Ш. имон наоварда будаанд, сузонда несту нобуд мекунад.

payombar-shuayb

Ш. Мусои пайғамбарро, ки аз Миср гурехта буд, пинҳон карда, вазифаи шубониро ба ӯ месупорад. Ба ивази ду соли шубонӣ Ш. духтари худро ба Мусо медиҳад. Дар адабиёти классикии форс-тоҷик Ш. дар мавриди санъати талмеҳ истифода мешавад. Як байт аа Ҳофизи Шерозӣ:

Шубони водии Айман гаҳе расад ба мурод.

Ки чанд сол ба ҷон хидмати Шуъайб кунад.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …