Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОҲЗОДА Султон

ШОҲЗОДА Султон

sulton_shohzoda

ШОҲЗОДА  Султон (1. 4.1943 р-ни Шуғнони ВАБК), шоири советии тоҷик. Аз оилаи колхозчӣ. Ин-ти педагогии Душанберо хатм кардааст (1969). С-ҳои 1969—81 корманди г-ҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» ва «Тоҷикистони Советӣ» буд. С-ҳои 1982-83 ходими адабии г. «Маданияти Тоҷикистон» (Ҳозира «Адабиёт ва санъат») Аз с. 1984 дар нашриёти «Маориф» кор мекунад. Аввалин шеърҳояш аз ох. с-ҳои 60 чоп шудаанд.

Чор маҷм. Ашъор ба табъ расонидааст; «Чашмаи Носир» (1975), «Ману борон» (1982), «Ошёни уқоб» (1985) ва «Сояи Кӯҳ» (1986). Васфи Ватани маҳбуб, манзараҳои дилрабои куҳистони Тоҷикистон, сифатҳои маънавии инсон ва дӯстию рафоқати халқҳои советӣ мавзуъҳои асосии эҷодиёти ӯ мебошанд. Бештарин шеърҳояш ба забонҳои русӣ ва халқҳои СССР тарҷума шудаанд. Аз с. 1979 узви ИН СССР.

АД.: Писатели Таджикистана, Д., 1982.

Ҳ. Муҳаммадиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …