Маълумоти охирин

«ШОҲНОМА»

«ШОҲНОМА»     номи як силсила асарҳои манзуму мансур аст, ки асотир, ривояту қиссаҳо, достонҳои ҳамсон ва таърихии халқҳои эронинажодро дар бар мегиранд. Ин асарҳо аз он сабаб чуннн ном гирифтаанд, ки дар онҳо таърихи шоҳони Эрон аз давраҳои қадимтарин то замони шикасти охирин намояндаи давлати Сосоннён — Яздигурди III тасвир шудааст. Зимни ин гунна асарҳо асотир, афсона, ривоят, достонҳои қаҳрамонӣ ва ғ. оварда мешуданд. Нахустин китоби ҷомеъ дар ин боб «Худойнома» мебошад. Калимаи «Шоҳнома» тарҷумаи калимаи паҳлавии «Хватай-намак» («Худойнома») ба забони форсии дарӣ мебошад. Ба забонт форсии дарӣ «Ш.»-ҳои манзуму мансур дар а. 10 ба вуҷуд омаданд, ки ба қалами Масъуди Марвазӣ, Абулмуайади Балхӣ, як гуруҳ донишмандон ба сарварии Абӯмансур ибни Абдурраззоқ ва Абӯалии Балхӣ мутааллиқанд. Асарҳои ин муаллифон пеш аз «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ навишта шудаанд ва маъхази бавосита ё бевоситаи он буданд. Аз ин «Ш.»-.ҳо абёти пароканда, порчаҳои ҷудогона ба тавассути асарҳои дигар боқӣ мондааст. Оид ба мазмуну мундариҷаи онҳо аз руи ҳамин абёт ва порчаҳои боқимонда, инчунин ишораҳои осори адабиву таърихии баъдина (а-ҳои 11—12) ҳукм кардан мумкин аст. Яке аз «Ш.»-ҳои манзум мутааллиқ ба Масъуди Марвазӣ (а. 10) мебошад, ки аз он таърихнигор Мутаҳҳари Мақдисӣ ва адиби арабизабон  Абумансури Саолибӣ дар «Ғypap ахбор мулук-ал-фурс ва-сияруҳим» (ин асарро «Шоҳнома»-и Саолибӣ низ мегӯянд) иттплоъ додаанд. Мутаҳҳари Мақдисӣ чунин

байтҳоро аз «Ш.»-и Масъудӣ Марвазӣ овардааст, ки ба Каюмарс оиданд:

Нахустин Каюмарс омад ба шоҳӣ,

Гирифтааш ба гетӣ-дарун пешгоҳӣ

Чу сӣ соле ба гетӣ подшо буд,

Ки фармонаш ба ҳар ҷое раво буд

Ян байта дигар низ аз ин «Ш.» боқист, ки ба шоҳони сосонӣ мутааллиқ, аст:

Сипаррӣ шуд замони хусравоно,

Ки коми хеш ронданд дар ҷаҳоно.

Саолибӣ ба ин «Ш» ишора карда мегӯяд, ки ба қавли Масъуди Maрвазӣ Таҳмурас гӯё Қундузу Марвро бино карда будааст ва ҷои дигар меорад, ки Золро гӯё Баҳмани Ардашер куштааст. Аз абьёти мазкур ва матолиби овардаи Саолибӣ бармеояд, ки «Ш.»-и Масъуди Марвазӣ шомили таърихи Эрон аз замони Каюмарс то таназзули Сосониён будааст. Дигар «Ш.»-е, ки асли он то замони мо нарасидааст, вале дар

осори таърихӣ аз қабили «Муҷмал- ут-таворих вал-қисас», «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ»-и Абӯалии Балъамӣ ба он ишора шудааст, Абулмуайяди Балхист. Ин «Ш.» асари калони мансур буда, таърихи шоҳону паҳлавонони қадим — Ҷамшед, Фаридун, Заҳоқ, Наримон, Сом, Қайкубод, Афросиёб, Гуштосп, Кайшикан ва диг.-ро дар бар мегирифтааст. Дар «Ш.»-и      Абулмуайяди Балхӣ саргузашту корнамоиҳои

Рустам нисбат ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ камтар тасвир шудаанд.

«Ш.»-и мансури дигаре вуҷуд доштааст мутааллиқ ба Абӯалии Балхӣ (а, 10). Номи ин шоир ва насрнавис танҳо дар «Осор-ул-боқия»-и Берунӣ омадааст. Аз гуфтаҳои Берунӣ бармеояд, кп Абуалии Балхӣ дар таълифи «Ш.»-аш аз тарҷума ва таҳрирҳои «Худойнома»-и мансуб ба Ибни Мукаффаъ, Муҳаммад ибни Ҷаҳми Бармакӣ, Ҳишом ибни Мардоншоҳ ва асари таърихии Баҳроми Ҳиравии Мачусӣ истифода карда будааст.

«Ш.»-и мансури муътабар ва маъруфе, ки таълифаш с. 958 ба анҷом расидааст, «Шоҳномаи Абумансурӣ» мебошад. Он ба ташаббуси сипаҳсолори Хуросон ва ҳокими шаҳри Тус Абумансур нбни Абдураззоқ (ваф. 963) мураттаб гардидааст ва ба ифтихори ӯ бо ҳамин ном машҳур шудааст. Абумансур ибни Абдурраззоқ ба гузаштаи халқи худ

таваҷҷуҳи зиёд дошт, насаби худро ба шоҳони қадим мерасонид. Вай шахси ватандуст буд ва дар заминаи ҳамин ифтихорот ба вазири худ Абумансури Муаммарӣ фармон дод, ки аз Хуросон донишмандонро даъват намояд, то асаре дар таърихи кишвар тадвин кунанд. Муаммарӣ чаҳор нафар донишманд — Сиёҳ писари Хуросониро аз Ҳарӣ—Ҳирот, Яздондод писари Шопурро аз Систон, Моҳуи Хуршед писари Баҳромро аз Нишопур, Шодон писари Барзинро аз Тус даъват намуд ва онҳо ба фароз овардани «Ш.» шуруъ  намуданд. Номи се нафар аз ин донишманд (ба ғайр дуюмашон) дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ зикр шудааст.

«Шоҳномаи Абӯмансурӣ» таърихи шоҳонро аз Каюмарс то Яздигурди 3 — шаҳриёри охирини сосонӣ дар бар мегирад. Маъхази он осори таърихии пешазисломӣ, қиссаву

ривоятҳо, достонҳои шифоҳӣ буд.

Танҳо як пора      аз муқаддимаи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» боқӣ мондааст, ки он ҳамчун қадимтарин намунаи насри форс-тоҷик шинохта шудааст. «Шоҳномаи Абумансурӣ» то замони мо нарасида бошад ҳам, мазмуну мундариҷа ва матолиби он

дар асарҳои баъдина мас. «Ғурар»-и Саолибӣ омадааст. «Шоҳномаи Абумансурӣ» яке аз маъхазҳои асосии Фирдавсӣ ба шумор меравад. Асари дигаре, ки шартан метавон «Ш.» хонд (чунки қаҳрамони марказии он Гуштосп аст ва онро баъзан «Гуштоспнома» мегуянд) манзумаест аз Дақиқӣ, ки дар он аз зуҳури Зардушт, ҷанги подшоҳи Эрон—Гуштосп бо подшоҳи Турон — Арҷосп сухан меравад. Дақиқӣ тақр. 1000 байт дар ин мавзуъ ба риштаи назм кашид, вале марги бемаҳал ба у имкон надод, ки кори пешгирифтаашро ба анҷом расонад. Фирдавсӣ абьёти сурудаи Дақиқиро

ба     худ дохил кардааст. Фирдавӣи бузургтарин ҳамоса дар адабиёти форс-тоҷик ва

адабиёти ҷаҳон мебошад. Он ҳамосаи миллии тоҷикону эрониён ва дигар мардуми форсизабон ба шумор меравад. «Ш.»-и Фирдавсӣ пурра то замони мо расидааст ва аз

рӯи мазмуну мундариҷааш оид ба «Ш.»-ҳои дигар, ки бевосита ё бавосита маъхази он будаанд огоҳ мешавем. Фирдавсӣ аз ҷавонӣ ба достону қиссаҳои қадим майлу рағбат

дошт. Дӯстонаш низ аз ӯ ба назм даровардани тамоми «Ш.»-ро дархост карданд. Махсусан, Абумансур ибни Муҳаммад ном дӯсти бозаргонаш, ки нусхаи «Шоҳномаи

Абумансурӣ»-ро барояш тақдим намуд, дар ин кор Фирдавсиро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ мекард. С. 994 Фирдавсӣ назми «Ш.»-ро ба итмом расонд. Дар адбиёти илмӣ ин сана чун соли анҷом расидани таҳрири «Ш.»-и Фирдавсӣ қабул шудааст. Таҳрири мукаммали «Ш.» тақибан с-ҳои 1010-14 анҷом пазируфтааст.

То замони мо ҳамин таҳрири «Ш.»-и Фирдавсӣ расидааст. Миқдори абьёти Фирдавсӣ дар дастнависҳои мавҷуда аз 40 ҳаз то 80 ҳаз. байт аст. Худи Фирдавсӣ дар «Ш.» ба 60 ҳаз. будани абьёти асараш ишора кардааст. Матнҳои интиқодии имрӯзаи           Фирдавсӣ дар ҳудуди 52—55 ҳаз. байт мебошад. Фирдавсӣ барои назми «Ш» аз баҳри мутақориб истифода бурдааст.

shohnoma

 

Муқаддимаи «Ш.»-и Фирдавсӣ аз бобҳои  «Оғози китоб» (ситоиши эзид», «Гуфтор андар Ситоиши хирад», гуфтоҳо дар офарини олам, мардум, офтоб, моҳ, «Ситоиши пайғамбар ва ёронаш», «Гутор андан фароҳам овардани «Шҳнома», «Достони Дақиқии шоир», «Гуфтор дар буньёд ниҳодани китоб», «Андар ситоиши султон Маҳмуд»  фароҳам омадааст. Матни аслии достон аз тасвири таърихи 50 подшоҳи Эронзамин (аз Каюмарс то Яздигурди lll) таркиб ёфтааст. Аз назари мардуми қадим ва имрӯз ҳамаи шоҳони дар асар тасвиршуда ашхоси таърихиянд ва «Ш.» таърихи Эронро аз замонҳои қадим то а 7 дар бар мегирад. Паи ҳам ба тахт нишстаниу аз байн рафтани шоҳон дар «Ш.» барои риояи хронологияи таърихӣ, тамомияти асар, пуррагӣ ва мукаммалияти он мадад расонидааст. Вале аз мазмуну мундариҷа, устухонбандӣ (композиция)-и «Ш.» бармеояд, ки ҳадафи Фирдавсӣ фақат таърихи омаду рафти шоҳон нест. Ин асар пеш аз ҳама, асари бадеии мукаммал, хамосаи қаҳрамонии халқҳои эронинажод мебошад. Дар адабиёти илмӣ ва оммавии оиди «Ш.» тақсиму таҳлили ҷузъҳои асар на аз рӯи омаду рафти шоҳон ва руйдодҳои замони онҳо, балки аз ҷиҳати композицияи асар сурат гирифтааст. Аз ин ҷиҳат «Ш.»-ро ба се бахш: 1) асотирӣ, 2) паҳлавонӣ ва 3) таърихӣ метавон ҷудо кард. Дар бахши асотирии «Ш.» якчанд шоҳон— пешдодиён, аз қабили Каюмарс,  Ҳушанг, Taҳмурас, Ҷамшед, Заҳоқ, Фаридун, ва диг. амал менамоянд. Дар замони шоҳони мазкур, ки ба сифати «қаҳрамони маданӣ» зуҳур кардаанд, мардум унсурҳои маданият, тарзи зиндагӣ, тайёр кардани хуроку пушок, хонасозӣ, кашфи оташ, ҳунари бофандагӣ, силоҳсозӣ кишту кори зироат, киштисозӣ ва ғ.-ро омухтанд. Дар замони ин шоҳон ҷашнҳои қадимии мардуми эронинажод Сада, Наврӯз ва Меҳргон ба миён омаданд. Шоҳони пешдодӣ ва мардуми рӯзгори онҳо мувофиқи ривояти «Ш.»-и Фирдавсӣ ба ҳодисаву рӯйдодҳои табиат ба муқобили девони офаридаи мабдаи бадӣ — Аҳриман мубориза мекарданд Душмани басо манхуси мардум дар ин замон Заҳҳок буд, ки ба морони дӯши худ мағси сари мардумро дода, мехост тухми инсониятро аз рӯйи замин нест кунад, вале Коваи оҳангар ба муқобили ӯ марумро ба қиём хезонида дасти зулмашро кӯтоҳ кар. Матолиби қисми асотирии «Ш.» нисбат ба сарчашмаҳое, ки пеш аз Фирдавсӣ вуҷуд доштанд хеле мухтасар аст. Мсс., достонҳо, қиссаву ривоятҳои зиёде дар бораи Каюмарс, Ҷамшед ва диг. дар Авесто, осори паҳлавӣ ва асарҳои таърихии исломӣ (махсусан, «Тарҷумаи Таърихи Табарии Абуалии Балъамӣ, низ пеш аз Фирдавсӣ таълиф шуда буд) вуҷуд доранд, вале дар «Ш.»-и Фирдавсӣ истифода нагардидаанд, Қисми қаҳрамонии «Ш.» аз шуриши Коваи оҳангар шуруъ мешавад. Дар ин қисми «Ш.» Фирдавсӣ шоҳонро (ба ғайр аз Қайқубод, Кайковус, Кайхусрав ва диг., ки худ дар шумори паҳлавононанд ва дар майдони набард иштирок мекунанд) аз мадди назар дур андохтааст. Дар қисм қаҳрамонии «Ш.»-и Фирдавсӣ пас аз кушта шудани Эраҷ ба дасти бародаронаш Салму Тур ҷангҳои Эрону Турон оғоз меёбанд ва аз ин ду кишвар паҳлавонони зиёде, аз қабили Соми Наримон, Зол, Рустам, Коран (писари Кова), Г удара, Гев, Бежан, Сиёвуш, Тус, Исфандиёр, Зарир, Гурдофарид, Афросиёб, Суҳроб, Пирон, Ағрирас, Гарсеваз, Пилсам, Ашкбӯс, Комуси кушонӣ ва диг. ба майдони набарду корнамоӣ по мениҳанд. Баробари паҳлавонон дар «Ш.» як зумра занони шуҷоъ ва диловар, модарони мушфиқ, ва ҳамсарони фидокор, аз қабили Гурдофарид, Рудоба, Манижа (духтари Афросиёб, ки ба Бежан ошиқ шуд), Фарангис, Таҳмина, Синдухт (модари Рудоба), Фаропак ва диг. чун образҳои мусбат ва Судоба чун образи манфӣ тасвир шудаанд. Зимин достони шоҳони ин қисм, ки аҳли хонадони каёниён мебошанд, дар «Ш.» беҳтарин достонҳои хамосии қаҳрамонӣ, ишқӣ ва романтикӣ — «Рустам ва Афросиёб», «Рустам ва Суҳроб», «Ҳафт хони Рустам», «Разми Ҳамоварон», «Сиёвуш», «Кайхусрав», «Ҳафт хони Исфандиёр», «Зол ва Рудоба», «Бежан ва Манижа» ва ғ. оварда шудаанд. Номи аксар қаҳрамонони ин қисми «Ш.», аз ҷумла, шоҳон ва паҳлавонон дар Авесто, осори паҳлавӣ ва асарҳои таърихии исломӣ ёд мешаванд, вале Зол, Рустам, Суҳроб ва диг. намояндагони хонадони у ин персонажҳои силсилаи достонҳои сокҳо (скифҳо)-и сокини Систон (Сакастана) мебошанд, дар Авесто ба назар намерасанд. Ҳам дар манбаъҳои «Ш.»-и Фирдавсӣ (яъне қиссаву ривоятҳои то а-ҳои 9—10 ба вуҷуд омада) ва ҳам худи асар силсилаи достонҳои систонӣ ва эронии қадим ба якдигар махлут гардидаанд. Паҳлавонони Систон Сом ва махсусан Рустам ҳомию пуштибони шоҳони Эронанд. Дар лаҳзаҳои душвори ҳуҷуми душманон Кайковус ба Рустам муроҷиат мекунад. Рустам борҳо Кайковусро аз марг наҷот медиҳад. Мувофиқи тасвири Фирдавсӣ дар байни мардум обрӯ ва эътибори Рустам аз Кайквус баландтар аст. Дар қисми қаҳрамонии «Ш.» Фирдавсӣ бештар аз ҳама ба эҷодиёти даҳанакии халқ, қиссаву риовоятҳои шифоҳӣ, афсонаҳои сеҳрангез муроҷиат намудаяст. Девон (ниг. мақолаи Дев), Симурғ ва диг. мавҷудоти хорқулода дар афсонаҳои халқӣ низ амал мекунанд. Дар ин қисми «Ш.» ҷанбаҳои воқеӣ ва афсонавии тасвир ба ҳам махлут гардидаанд.

shohnoma

Пас аз нопадид шудани як гуруҳ паҳлавонони Эрон ҳаамроҳи Кайхусрав ва кушта шудани Исфандиёру Рустам, қисми қаҳрамонии «Ш.»-и Фирдавсӣ ба итмом мерасад ва аз давраи Дорои Доробу Искандар (Искандари Мақдунӣ) ва Ашкониён қисми сеюми он — қисми таърихӣ оғоз меёбад. Оид ба сулолал Ашкониён дар «Ш.»-и Фирдавсӣ ҳамагӣ 22 байт оварда шудааст. Зоҳиран, доир ба ин давра дар замони Фирдавсӣ маълумоти хеле кам вуҷуд доштааст. Нахустин достони хаҷман калон ва дилангезу саргузаштии «Ш.»-и Фирдавсӣ достони Ардашери  Бобакон аст. Достони Фирдавсӣ оид ба Ардашер ба acapи паҳлавии «Корномаи Ардашери Бобакон» қаробати зиёд дорад. Фирдавсӣ ин қисми «Ш.»- ро дар асоси манбаъҳои таърихӣ,

осори таърихии паҳлавӣ, арабӣ ва форсии дарӣ навиштааст, вале ба таъсири ин гуна осор нигоҳ накарда, он қисми «Ш.» аз ҳайси бадеият аз ду қисми дигари он пасттар нест.

Дар ин қисм хам баъзе қиссаҳои моҷароӣ, афсонавӣ, асотирӣ, ахлоқию иҷтимоӣ ва маишию ишқӣ, достонҳои воқеии таърихӣ зимни баёни таърихи ҳукмронии шоҳон Искандар, Ардашери Бобакон, Шопури Зуюлактоф, Баҳроми Гур, Хусрави Анушервон, Қубод, Яздигурди III ва диг. ба назар мерасанд. Дар ин давра ҳам ҷангҳо (бо Рум) тасвир шудаанд. Фирдавсӣ дар ин қисми «Ш.» ба ғайр аз образи шоҳон образи намояндагони дигар табақаҳои иҷтимоӣ, мардумони меҳнаткаш, деҳқонону косибон, занону духтарони оддии деҳот, Маздаки шуришгар ва атрофиёни у, сипоҳиёнро бо сардории Баҳроми Чубина, аҳли санъат Борбаду Саркаш ва дигаронро тасвир кардааст. Аа забони Бузургмеҳри вазир дар «Ш.» панду андарзҳо оварда шудаанд. Дар ин қисми «Ш.» аз равобити илмиву фарҳангии Эрону Ҳиндустон, тарҷума шудани

«Калила ва Димна», ихтирои бозиҳои шатранҷу нард, ҷашнҳои гуногун ва ғ. сухан меравад. Дар ҳамин қисм Фирдавсӣ ҳукмрони одилеро дар симои Хусрави Анушервон тасвир кардааст, ки идеали шоир мебошад. Фирдавсӣ ба тасвири сохти давлатдорӣ, умури ҳукумат, коргузорӣ, боҷхоҳӣ, аҳволи мардумони табақаҳои гуногун, нигаҳдории сипоҳ, масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон ва ғ. дар замони Хусрави Анушервон тақр. 5 ҳаз. байт бахшида шудааст. Дар охири қисми таърихии «Ш.» Фирдавсӣ бо сузу гудоз ва ҳасрати зиёд аз шикаст хурдани Эрон ба дасти аҷнабиён-истилогарони араб сухан моронад. Ба ҳукми тақдир  сарлашкари эрониён дар ин қисмати «Ш.» Рустам ном дорад ва ӯ аз дасти Саъдӣ Ваққосӣ араб шикаст мехурад.

shohnoma

Як ҷузъи муҳимми композицонии «Ш.»-и Фирдавсӣ руҷуъҳои лирики шоиранд, ки cap то сари «Ш.» (Дар се қисми мазкур) дар баъзе лаҳзаҳо ҷой дода шудаанд. Руҷуъҳои лирики «Ш.»-и         Фирдавсӣ аз ҷиҳати мавзуъ андарзӣ, фалсафӣ, хасбиҳолӣ (ишораҳо ба синну сол, марги фарзанд, фахрия ва ғ.) мебошанд. Аксар руҷуъҳои Фирдавсӣ дар оғоз ё охири ягон достон омада, мазмуну мундариҷаи онро пурра мекунанд ва ифодагари назари шоир ба руйдодҳо ва амалиёти қаҳрамонон мебошанд. Мувофиқи талаботи хамоса шоир набояд назари худро ба амалиёт ва кирдори қаҳрамонон иброз дорад ё бо хости худ воқеаҳо ва руйдодҳоро дигар намояд. Вале Фирдавсӣ пурра пойбанди ин қонунияти хамоса нагардидааст. Вай аксаран руҳияи қаҳрамонон, ҷаҳони ботинии онҳоро кушодааст. Намунаи руҷуъҳои лирикии фахрия порчаест, аз Фирдавсӣ дар бораи худ ва «Ш.» гуфтааст:

Чун ин номвар нома омад ба бун,

Зи ман рӯи кишвар бишуд пурсухун.

Ҳар он кас, ки дорад хушу рою дин.

Пас аз марг бар ман кунад офарин.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парогандаам.

Фирдавсӣ бо қиссаи кушта шудани Яздигурди III ба дасти Хусрави осиёббон (ба ҳидояти Мохуви Сурии ҳокими Тус) ва қатли Моҳуи Суриву писаронаш аз тарафи ҳокими Самарқанд — Бежан ва якчанд байти хотимавӣ («Таърихи анҷоми «Шоҳнома») ба поён расидааст. Дар баъзе нусхаҳои қаламин «Ш.» дар охири асар ҳаҷвияи дар ҳаққи султон  Маҳмуд гуфтаи Фирдавсӣ оварда шудааст.

«Ш.»-и Фирдавсӣ аз ҷиҳати шаклу мазмун асари мукаммали бадеии адабиёти форс-тоҷик (а. 10) буда, ба сабку услуби шуарои он давр (соддабаёнӣ, муҷазгуӣ ва ғ.) пурра

мувофиқат мекунад. Назми Фирдавсӣ назми олист ва бо санъатҳои мушкилфаҳму тумтароқи бадеӣ оро наёфтааст. Фирдавсӣ беш аз ҳама, аз санъатҳои муболиға, тавсиф ва ташбеҳ истифода кардааст. Образҳои бадеии     Фирдавсӣ асоси воқеӣ доранд. Фирдавсӣ ба образнҳои шеърии адабиёти бегона, махсусан, адабиёти араб, асотири

исломӣ муроҷиат накардааст. Забони Фирдавсӣ содда ва фаҳмост. Тақр. тамоми калимаҳои дар «Ш» истифодашуда дар таркиби луғавии забони имрӯзаи тоҷикӣ мавҷуданд. Аз калимаҳои забонҳои дигap Фирдавсӣ вобаста ба мавзӯъ ва мазмуни достону қисса истифода намудааст. Мас., дар қисми асотирӣ ва паҳлавонии «Ш.» аэз калимаҳои забонҳои қадимии эронӣ истифода шудааст. Бештари луғоти арабии «Ш.» (тақр. 700 калима) ҳангоми шуруъ кардан ба қиссаи ҳуҷуми арабҳо ба Эрон истифода гардиданд. Баъзе калимаҳо ва исмҳои хоси туркӣ ҳам дар «Ш.№ ба назар мерасанд. Забони «Ш.»-и Фирдавсӣ забони халқ, аст ва як ҷиҳати халқияти асар ҳам дар он зоҳир гаштааст. Баъзе аз байту мисраъҳои «Ш.» ба масалу мақол табдил ёфтаанд.

«Ш»-и Фирдавсӣ баробари комилияти шаклу мазмун дорои ғояҳои баланду олист. Яке аз ғояҳое, ки дар «Ш.»-и Фирдавсӣ ифодаи мукаммал ёфтааст, муборизаи ду мабдаъ—Некӣ ва Бадӣ мебошад. Сарчашмаи ин ғоя адабиёти қадимии тоҷик ва муҳимтарин асари он — Авесто мебошад.

Некон — пайравони Аҳура Маздо, пайравони рости, бадон — пайравони Аҳриман, дуруғпарастонанд. Муборизаи ин ду мабдаъ дар қисми асотирӣ, паҳлавонӣ ва таърихии «Ш.»-и Фирдавсӣ дар симои мардуми эронинажод ва душманони онҳо

тасвир ёфтааст. Роли ватандустӣ, низ дар «Ш.» яке аз ғояҳои муҳимтарин аст, дар замони қадим, давраи зиндагии Фирдавсӣ ва баъдтар (а-ҳои 11—19) аҳамияти калон дошт ва имрӯз ҳам арзиши худро нигоҳ доштааст. Ҳам шоҳон ва ҳам паҳлавонони «Ш.» мудофиаи ватанро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд. Дар байти зерин Фирдавсӣ мақсади худро хеле муҷаз ифода кардааст:

Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем.

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем

Халқҳои форсу тоҷик ва диг. халқҳо дар лаҳзаҳои пурхатари таърихии худ (мас., солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941—45) ба асари Фирдавсӣ муроҷиат кардаанд. Ба сабаби маҳдудияти таърихӣ Фирдавсӣ мамлакатро бе шоҳ тасаввур карда наметавонист. Ба ақидаи у шоҳон дорои фарри эзидӣ мебошанд ва бояд соҳиби тоҷу тахт шаванд. Ғояи шоҳи одил ва танқиди зулму ҷабр дар «Ш.» ба таври равшан ифода ёфта аст. Ба ақидаи Фирдавсӣ шоҳ, бояд ба раият зулму ҷабр раво наипнад, ба андозаи муайян боҷ ситонад, қисме аз даромади хазинаро барои дармондагону маъюсҳо сарф намояд ва

ғ. Баробари ин Фирдавсӣ муътақид аст, ки шоҳи золим дар ин дуньё ва охират ҷазо хоҳад дид ва дар сурати аз ҳадди эътидол гузаштани зулм уро метавон бо қувваи силоҳ, аз байн бурд. Вале гоҳо Фирдавсӣ ба зулмпешагон муқобилат накарданро тарғиб кардааст. Фирдавсӣ асари бузурги андарзӣ мебошад. Фирдавсӣ чун дастури пандомӯз, ба мисл Рӯдакию Абушакури Балхӣ мардумро ба некию накукорӣ ҳидоят мекунад ва бо мисолҳову образҳои барҷаста  ба нокомӣ бурдани ҳирсу тамаъ, бухлу дуруғ, макру фиреб ва ҳаргуна хислатҳои пастро нишон додааст. Аз ҷумла,  ҳирси комҷуӣ Коваро, кибру ғурур Кайковусро, ҷоҳталабӣ Афросиёбро ба фано расонид. Аз қадимулайём мардуми эронинажод хирадро гиромӣ медоштанд ва хирадмандиро баландтарини хислати инсонӣ мешуморидаид. Хирад дар «Ш.» мавқеи баланд дорад. Фирдавсӣ ба донишмандони ҳамзамони  ӯ хирадро офаридаи ҳастӣ шумурда, ҷонро нигаҳдорандаи он медонанд.

Дар «Ш.»-и Фирдавсӣ хирад бо абьёти басо пурмаънӣ (баъди ҳамди эзид, он ҷое, ки наъти пайғамбар бояд меомад) сутуда шудааст. Хирад инсонро бузургу шарафманд, тавонову пирӯз мегардонад, аз бадӣ дар амон медорад; каси бехирад хору залил аст. «Ш.»-шиносон абьёти Фирдавсиро оид ба хирад «Суруди мутантан» (гимн)-и хирад номидаанд. Дар «Ш-« инчунин ақоиду андешаҳои шуубии Фирдавсӣ, назари

ӯ ба дину мазҳабҳо ва ғ. ифода ёфааст. «Ш.» дар замони худ ва асрҳои минбаъда шуҳрати зиёде касб намуд. Дар пайравӣ ва тақлиди он ҳануз дар а. 11 як силсила достонҳои қаҳрамонӣ аз қабили «Сомноми», «Фаромурзнома», «Ҷаҳонгирнома»,

«Бонугушаспнома» (оид ба духтари Рустам), «Барзунома», «Баҳманнома» (оид ба писари Исфандиёр, ки бо авлоди Рустам меҷангад), «Гаршоспнома»-и Асадии Тусӣ ва ғ. ба вуҷуд омаданд. Бо номи «Ш.» дар ҳукуматдорӣ ва футуҳоти ҳукмронони даври худ як зумра шоирон, аз ҷумла Соҳиб «Дафтари дилкушо» (10 ҳаз. байт оид ба таърихи мулуки Шубонкора), Хотифӣ (1200 байт оид ба Исмоили Сафавӣ ва 4 ҳаз. байт оид ба Темур), Қосими Гулободӣ (6300 байт, идомаи кори Хотифӣ), Ҳайратӣ (оид ба шоҳ Тахмосп), Биҳиштӣ (оид ба ҷанги султон Худобанда ва Султонмуроди подшоҳи Туркияи усмонӣ), Фирӯзи Зардуштӣ (40 ҳаз. байт оид ба таърихи Ҳиндустон), Фирдавсии Сонӣ (15 ҳаз. байт, зиндагӣ ва ҷангҳои Нодиршоҳи Афшор), Фатхалихони Сабо (6 ҳаз. байт, ҷангҳои Фатхалишоҳи Қочор), Ҳабибуллоҳи Навбахт (номи дуюми

асараш «Паҳлавинома» аст; 100 ҳаз. байт, таърихи Эрон аз поёни давраи Сосониён то оғози ба сари ҳокимият омадани Ризошоҳи Паҳлавӣ (с. 1925)] асарҳо офаридаанд. «Ш.»-и Фирдавсӣ дар ташаккул ва инкишофи достонҳои ишқию романтикии адабиёти форс-тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард. Дар а. 11 Фахруддини Гургонӣ достони ишқии «Вис ва Ромин»-ро навишт. БаъдтарНизомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва диг. дар навиштани дотонҳои ишқӣ, ахлоқию фалсафӣ аз «Ш.» илҳом гирифтаанд.

Саъдӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофиз ва диг. бузургони адабиёт дар осори худ аз мазмунҳои «Ш.»-и Фирдавсӣ истифода бурдаанд. Навъи адабии соқинома дар адабиёти форс-тоҷик бо таъсири файзбахши «Ш.»-и Фирдавсӣ арзи вуҷуд кардааст.

«Ш.»-и Фирдавсӣ ба равнақу ривҷи ҳунарҳои наққошӣ, хаттотӣ, минётурсозӣ низ сабаб гардид (Бисьёр минётурҳо дар асоси сюжетҳои «Ш.» ва барои оро додани саҳифаҳои  он офарида шудаанд). Ба туфайли Фирдавсӣ дар байни қиссахонони тоҷик мактаби Шоҳномахонӣ ба вуҷуд омад ва шоиру насрнавис Ворас «Ш.»-и Фирдавсиро ба

наср баргардонд. «Ш.»-и Фирдавсӣ дар байни зардуштиёни Эрон ва Ҳиндустон мақоми баланд дорад. Дар а. 19 нахустин намоишномаҳо аз руи Фирдавсӣ дар ҷамоаи зардуштиёни Ҳиндустон пайдо шудаанд. Дар адабиёти имрӯзаи тоҷик, Эрон ва даризабонони Афғонистон таъсиру нуфузи «Ш.»-и Фирдавсӣ бузург аст. Дар асоси сюжетҳои достонҳои «Ш.»-и Фирдавсӣ чандин кинофилмҳо («Коваи оҳангар», «Корномаи Рустам», «Достони Сиёвуш», пьесаҳо, либретто, асарҳои мусиқӣ

ба миён омадаанд_ (драмаю операҳои «Рустам ва Суҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода, «Коваи оҳангар»-и Лоҳутӣ, «Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло, «Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушгунобӣ ва ғ). Нависандаи тоҷик С. Улуғзода баъзе достонҳои «Ш.»-и Фирдавсиро ба наср гардонида, дар ҷилд чоп кунонд. Шоири тоҷик Лоиқ, барои силсилаи шеърҳои «Илҳом» аз «Шоҳнома» сазовори Мукофоти давлатии РСС Тоҷ. ба номи Рудакӣ гардид. «Ш.»-и Фирдавсӣ дар асрҳои миёна аз ҳудуди миллӣ хориҷ шуд ва ба арсаи байналхалқӣ дохил гардид.

Дар миёнаи a. 13 Абулфатҳи Бундории Исфаҳонӣ онро дар шакли мансур ба забони арабӣ гардонд. Таъсири китоби Фирдавсӣ ба адабиёти халқҳои Кавказ — гурҷиҳо ва

арманҳо хеле зиёд аст. Дар давраҳои қадим вариантҳои халқии Туркии баъзе достонҳои «Ш.»-и Фирдавсӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар дарбори шоҳони Гурҷистон —Довуд, Тамара ва диг. матни аслӣ ва тарҷумаи «Ш.»-и Фирдавсиро мехондаанд. Тарҷумаи гурҷии «Ш.»-и Фирдавсӣ бо номи «Ростомиани» дар а-ҳои 16—17 ба вуҷуд омадааст. Ба адабиёти арман ҳамосаҳои мардуми эронинажод дар а-ҳои 5—6 таъсир

расонндаанд. Сайёҳи Наво дар a. 18 оид ба Фирдавсӣ суруду тарона мехонд. Вариантҳои даҳанакии «Ш.»-и Фирдавсӣ дар байни диг. халқҳои СССР (мас., тоторҳо, узбекҳо, қазоқҳо) низ вуҷуд дорад. Дар замони ҳозира «Ш.»-и Фирдавсӣ қариб ба тамоми забонҳои СССР тарҷума шудааст.

Европоиён бо «Ш.»-и Фирдавсӣ а-ҳои 18- ибт. а. 19 тавассути тарҷумаҳои лотинии У. Ҷонс (1774), франсавии Жул Мол, немисии Ф. Рюккерт шннос шуданд. Як зумра адибони Европа дар сюжети достонҳои «Ш.» ва саргузаштҳои ривоятии Фирдавсӣ шеъру балладаҳо навиштанд (В. Группе, Г. Гейне), дигарон аз андешаҳои ҳакимонаи ӯ

баҳравар гардидалд (В. Гюго, И. В. Гёте). «Ш.»-и Фирдавсӣ ба аксар забонҳои

европоӣ тарҷума шудааст. Ба забони русӣ аввалин тарҷумаҳо аз забони немисӣ (а. 19) анҷом ёфтанд (тарҷумаҳои В. А. Жуковский). Дар ибт. а. 20 ба тарҷумаи «Ш.»-и Фирдавсӣ аз матни асл С. Соколов машғул буд. Баъди Рев. Октябрь ба тарҷумаи «Ш.»-и Фирдавсӣ М. Ю. Лозинский, В. Державин, М. Дьяконов, В. Сельвинский ва диг. даст задаанд. Тарҷумаи пурраи илмии «Ш.»-ро ба забони русӣ Ц. Бону-Лоҳутӣ анҷом додааст, ки дар с-ҳои 1957—85 панҷ ҷилди он ба табъ расид. Аз «Ш.»-и Фирдавсӣ дастнависи худи шоир (автограф) дастрас нагардидааст. Қадимтарин нусхаҳои дастнависи «Ш.»-и Фирдавсӣ ба а-ҳои 12—13 тааллуқ доранд, ки дар Италия ва китобхонаи Музеи Британия маҳфузанд. Нусхаи дар Ленинград маҳфузи «Ш.» (китобаташ с. 1333) низ қадимӣ мебошад. Дар замони Бойсунқур, с-ҳои 1425—26 матни

пурраи «Ш.»-и Фирдавсӣ бо муқаддима таҳия шуд. Дастнависҳои дигари «Ш.»-и Фирдавсӣ (китобаташон а-ҳои 16—19), ки дар аксар китобхонаҳои мамолики Шарқу Ғapб маҳфузанд, дар асоси ҳамин матни бойсунқурӣ тартб ёфтаанд. С. 1829

шарқшино англис Тернер Макон дар асоси дастнависҳои китобхонаи Ҳиндустон матни пурраи «Ш.»-и Фирдавсиро дар чор ҷилд интишор дод. Муҳақиқи франсавӣ Жул Мол

с-ҳои 1838—78 матни «Ш.»-и   Фирдавсӣ ва тарҷумаи франсавии онро дар 7 ҷид ба табъ расонд. Олими немис И. Вуллерс бо ҳамкории Ф. Рюнкерт ва диг. с-ҳои 1877 ва 1879

ду ҷилди «Ш.»-и Фирдавсиро дар асоси муқоисаи матнҳои таёркардаи Т. Мокон ва Ж. Мол чоп кард. Ҷилди сеюми кори В. Вуллерсро с.1884 С. Ландауэр нашр намуд. Ҷилди чоруми ин нашрия нотамом монд. С-ҳои 1934—35 олимони эронӣ Саидои Нафисӣ, Аббос Иқбол, Муҷтабо Минавӣ бо мақсади нашри нави «Ш.»-и  Фирдавсӣ 3 ҷилди тайёркардаи  В.Вуллерс ва С. Ландауэрро аз нав чоп кардан два худашон ҷилди чоруми онро   (дар асоси матни Т. Мокон ва Ж. Мол) мураттаб сохтанд. Матни илмии интиқодии «Ш.»-и Фирдавсӣ бо назардошти ақоиди Е. Э. Бертельс ва истифода аз дастнависҳои қадимтарин дар Ин-ти шарқшиносии АФ СССР анҷом дода шуд, ки дар 9 ҷилд с-ҳои 1960—71 дар Москва ба табъ расид. Бо танқиди назар нашри нави ин матн с. 1971 оғоз ёфт (ду ҷилдаш дар Теҳрон чоп шуд). Матни интиқодии  «Ш.»-и Фидавсиро ба алифбои имрӯзаи тоҷик як гуруҳ кормандони сектори матншиносии Ин-ти шарқшиносии АФ РСС Тоҷ. тайёр карданд, ки дар нашриёти «Ирфон» с-ҳои 1964—66 чоп шуд. Дар нусхаҳои қаламӣ ва чопии «Ш.»-и Фирдавсӣ фарҳангҳои  калимоти душвори «Ш.» ҷой дода шудаанд (ниг. Фарҳангҳои  «Шоҳнома»), Нахустин асарҳои тадқиқӣ оид ба  «Ш.»-и Фирдавсӣ тазкираҳо, муқаддимаи қадим ва бойсункурии «Ш.» ба шумор мераванд. Дар нашрҳои Т. Мокон ва Ж. Мол низ муқаддимаҳои васеъ вуҷуд доранд. Нахустин монография дар ин бобат «Ҳамосаи миллии Эрон» ном асари Олими немис Теодор Нёлдеке мебошад, ки дар «Grundriss dor Iranischen l’hilologie» («Асосҳои филологияи эронӣ», 1896—19041 чоп шудааст.

Шарқшиносони тореволюцнонии рус С. Назарианц, И. Зинопьон, Мирзо Козямбек, В. Р. Розен, К. Залеман, В. А. Жуковский, Ф. А. Розенберг ва диг. дар омӯзиши Фирдавсӣ ҳисса гузоштаанд. Революционери демократ рус Н. Г. Чернышевский ба эҷодиёти Фирдавсӣ, махсусан образи Гурдофарид дар «Ш.» таваҷҷуҳи хос доштааст. Омӯзиши

«Ш.» ва Фирдавсӣ солҳои ҷашни ҳазорааи шоир (1934—35) хеле авҷ гирифт. Дар ин давра мақола ва рисолаҳои И. А. Орбелн, А. А. Фрейман- А. А. Ромаскевич, Ю. Н. Марр

Е. Э. Бертельс, М. М. Дьяконов ва диг дар маҷмуаҳои дар Эрон ва  СССР нашршуда  (мас., «Фердовси» 1934) ба миён омаданд.  Дар омӯзиши «Ш.»-и Фирдавсӣ ва омода сохтани матни интиқодии он хидмати Л. А. Стариков, М. Н. У. Усмонов, А. Нушин ва диг. калон аст. Дар Эрон омӯзиши «Ш.» ва ҳаёту эҷодиёти Фирдавсӣ солҳои ҷашни

«Ҳазораи Фирдавӣи» оғоз ёфта ва то Инқилоби 1978—79 Эрон давом кард. Дар тули тақр. 50 сол муқаққиқони эронӣ якчанд маҷмуаҳо — «Фирдавсинома» (маҷаллаи «Меҳр», 1934), «Ҳазораи Фирдавсӣ» (1944) ва ғ-ро нашр карданд. Дар омӯзиши «Ш »

олимон Забеҳуллоҳи Сафо, Саиди Нафисӣ, Ризозода Шафақ, Муҷтабо Минавӣ ва диг. ҳиссаи сазовор доранд. Дар асари Эраҷи Афшор «Китобшнносии Фирдавсӣ» (1968) номгӯи мақолоту асарҳои тадқиқӣ ва нашрҳои «Ш.»-и Фирдавсӣ омадаанд. Дар назди Вазорати фарҳангу ҳунари Эрон муассисаи илмии махсусе бо номи  Бунёди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ фаъолият мекард, ки бо таҳқиқи масоили алоқаманди «Ш» ва Фирдавсӣ машғул буд. Нашрияи он-маҷаллаи «Симурғ» дар се моҳ як бор интишор мегардид. «Бунёди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳар сол бо номи «Ҷашнвораи Тус» дар зодгоҳи Фирдавсӣ маҷлиси илмӣ баргузор мекард. Маҷаллаи «Ҳунар ва мардум» с. 1976 дар шумораои 153—154 чун хадья ба «Ҷашнвораи Тус» 21 мақолаи илмӣ чоп кардааст. Буньёди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо «Ш.»-шиносони тамоми дуньё, аз ҷумла

олимони советӣ, робита ва ҳамкорӣ дошт. Баъд аз Инқилоби 1978—79 дар Эрон ин ҳама бекор ва пароканда шуд. Дар Тоҷикистон низ омӯзиши Фирдавсӣ ва «Ш.»-и у солҳои ҷашни 1000-солагии шоир оғоз ёфт. Рисолаи С. Айнӣ «Дар бораи Фирдавсӣ

ва «Шоҳнома»-и ӯ» (1934; нашри пурра ва ҷудогонааш, 1940) дар масъалаи ҳалоияти «Ш.»-и Фирдавсӣ забони он ва ғ. аҳамияти калон дорад. Оид ба «Ш.» ва Фирдавсӣ мақолаҳои ҷудогонаи олимони тоҷик, маълумотҳо дар китобҳои дарсӣ, баёзу энциклопедияҳо, асари М. Раҷабов («Фирдоуси и современность», 197б) ва ғ. ба табъ расидаанд.

«Ш.»-и Фирдавсӣ аз озмуни рӯзгори ҳазорсола гузашт, ба мардумони дуньё хизмат кард ва имрӯзу дар оянда ҳам хидмат хоҳад кард, чунки он кохи фанонопазирии назм

аст. Фирдавсӣ гуфтааст:

Пай афгандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд!

Бар-ин нома-бар умрҳо бигзарад.

Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.

Нашр: Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳнома, ҷ-ҳои 1—9, Д., 1964—66; Шоҳнома иборат аз 9 ҷилд, ҷ-ҳои 1—2, Д., 1987 (нашр давом дорад)- «Муққадимаи «Шоҳномаи Абумансурӣ». Садои Шарқ», 1986. №12., Фирдоуси Шахнаме, тт. 1 —5 М 1957—85.

Ад.; Фирдовси (934—1934). Л 1934 Бертельс Е. Э.,  Абул-Касим Фирдоуси и его творчество. М—Л 1935- ҳамонмуалл., История персидско-таджикской литературы М I960- Дьяконов. М., Фирдоуси Жизнь и творчество Д. 1940, Брагинский И. С., Из истории аджикского народного творчества, М., 1956; Стариков А. А., Фирдоуси, и его поема «Шахнаме» т.1 М. 1957; Османов М.-Н. О., Свод иранского героического эпоса («Худойнома» как источники «Шахнаме» Фирдоуси, «Уч. Записки Ин-ти востокопедения АН СССР» 1958 т.19; ҳамон маллиф., Фирдоуси Жизнь и творчество, М., 1959; Шукуров Ш.М. «Шахнаме» Фирдоуси и ранняя илюстративная традиция, М. 1983.,

А. Афсаҳов, М. Диловаров

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …