Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШОҲБЕЗАК

ШОҲБЕЗАК

ШОҲБЕЗАК, белладона гиёҳи заҳрноки бисьёрсолаест аз оилаи авранҷиҳо. То 2 м қад мвкашад. Пояаш сершох, баргаш байзашакл (дарозиаш то 20 см, бараш то 12 см), гулаш зангулашакли сурх ё бури бунафштоб, (дарозиаш 2—3 см), мевааш сиёҳи  ҷилодор, сертухм, ба ангури сагак монанд аст.

shohbezak

Ш.-и худруй дар Европаи Ғарбӣ, Крим, Кавказ меруяд. Дар СССР (Украина, кишв. Краснодар) қариб ба 200 га Ш. мекоранд; аз ҳар га андаряк 6—10 ц ҳосил (барги хушк) ва 13—18 ц баргу поя меғундоранд. Баргашро дар мавсим ду бор мечинанд. Ш.-ро аз тухм зиёд мекунанд.

Меъёри кишт — 8 кг/га. Гиёҳи гармипарвард аст (дар ҳарор. 20С месабзад. Давраи нашваш 125—145 рӯз. Баргу поя ва решапояи Ш. ашьёи хоми саноати доруворист. Аз он алкалоидҳои атропин, гиосциамин ва скополамин мегиранд. Доруҳоеро,

ки аз Ш. тайёр мекунанд, барои табобати захми меъда, холецистит, халаи гурда, дарди чашм ва ғ. истифода мебаранд.

Ад.: Культурные растения СССР, М., 1978.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …