Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Димнаи ШИШХОНА

Димнаи ШИШХОНА

ШИШХОНА, димнаи мансуб ба а-ҳои 3—13, ки дар тарафи ғарбии ш. Душанбе воқеъ аст. Димнаро с. 1961 бостоншпносони Ин-ти таърихи АФ  РСС Тоҷ. кашф намуданд. Тадқиқи он аз с. 1982 инҷониб идома дорад. Димна аз куҳандиз, шаҳристон, работ ва қабристон иборат аст. Масоҳ. куҳандиз 80X120 м буда, аз ғарб ба шард тул кашидааст ва доло ду-дуди онро дабристон ншрол намуда-аст. Шадристон (масоҳ. тақр. Юга) аз куҳандиз бо хандақи чуқур (паҳнояш 6—7 м, чуқуриаш то 5 м)  ҷудо мешавад. Дар шаҳристон се давраи ҳаёт аниқ, гардид. Ғафсии қабати маскуни давраи аввал (а-ҳои 3—4) 40 см буда, аз он асосан зарфҳои сафолӣ (куза, кузача, коса) ёфт шуданд. Қабати маскуни давраи дуюм (а-ҳои 5—8) тақ- 3 м ғафсӣ дорад. Аа он зарфҳои сафолӣ, чароғги сиёҳ, каллаи гилини марде ёфт шуданд. Қабати маскуни давраи сеюом (а-ҳои 9—13) дар натиҷаи бинокории солҳои охир хароб гардидааст. Аз ин қабат танҳо порчаҳои зарфҳои сафолин сирдору мунаққаш ба даст омаданд. Таҳқиқи Ш. барои омузиши таърихи шаҳрсозӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе аҳамияти калон дорад.

Ад.: Атаханов Т. М., Работы на городище Шишхона, дар кит.: Археологические открытия 1982 года, М., 1984.

Т. Отахонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …