Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШИБИРҒОНӢ

ШИБИРҒОНӢ

ШИБИРҒОНӢ, кишмиши сиёҳ, як навъ ангур. Асосан дар вил. Ленинободп РСС Тоҷ., вил.-ҳои Самарқанд, Бухоро, Тошкент, Қашқардарёи РСС Узб., РОС Туркм. РСС Арм., РСС Қир. паҳн шудааст. Токаш тезсабз, 34,7—53,1 ва баъзан 82,3%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш мудаввар (дарозиаш 13 см, бараш 14 см) се-панҷпарра, гулаш дуҷинса. Калонхуша (дарозиаш 20 см ва бараш 10 см), зич, 200—250 г. Донааш бетухми миёна ва калон (дарозиаш 15—20 мм ва бараш 13—15 мм), сергушти ширин, баъди пухтан сиёҳ, пусташ тунук, 19—24% қанд ва 6—85 г/л туршӣ дорад. Ш. сармобардор ва серҳосил, дар заминҳои серхоку саислохи сернам нағз месабзад. Даври нашваш 150—155 руз, май гул карда, авг.—сент. мепазад. Ба ҳисоби миёна то 145—155 ц/га ҳосил медиҳад. Барои тархурӣ, мавиз, майкашӣ ва дар корҳои селекционӣ истифода меоаранд. Аз касалиҳои занбуруғӣ хусусан аз ҷел, антракноз ва перкоспориоз зарар мебинад.

Ад.: Кириллов И. Ф. [ва диг.], Виноградарство Таджикистана, Д., 1969; Цеймалин М. Г., Кишмиш черный, дар кит.: Сорта винограда Узбекистана, Ташкент. 1974.

angur1

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …