Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШИБАРГИЁҲ

ШИБАРГИЁҲ

ШИБАРГИЁҲ шиваргиёҳ, заҳгиёҳ (Heleocharia), ҷинси гиёхҳои яксола ва бисьёрсолаест аз оилаи ғешаиҳо. Решаҳои палакмонанди сернавда, пояи бебарг, гули дуҷинса ва «чормағзак»-и сеқирра доранд. Тақр. 100 намуди Ш. маълум аст, ки аксар растаиҳои обӣ ва ботлоқӣ (гелофитҳо) буда, одатан дар обанборҳои хурд, шибарҷойҳо ва замини заҳ (аз ноҳияҳои тропикӣ то минтақаҳои арктикӣ) меруянд. Дар Тоҷикистон 7 намуди Ш. (Н. аг-gyrolepis, Н. tureomanica, Н. uniglu-mis, Н. meridionalis ва ғ.) нуму меёбад. Онҳо аз ҳамвориҳои доманакуҳ то баландкуҳ (3000—3500 м), инчунин дар Помири Шарқӣ (то 4100 м аз с. б.) месабзанд.

shibargiyoh

Ш.-ро асосан мурғони обӣ мехуранд. Баъзан онро ҳамроҳи алафҳои дигар медараванд. Фақат дар решаи Н. dulcis (дар ноҳияҳои ҷан. ва шарқи Осиё мерӯяд), ки «финдики обӣ» мегуянд, лундаҳои сероҳару хурданбоб ҳосил мешаванд. М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …