ШЕРХОНИ ЛУДИ (с. тав. ва ваф. номаълум), тазкиранавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон (а. 17). Аз қабилаи лулиёни афғон. Дар Бангола ба таҳсили ибтидоӣ шуруъ намуда, касби камол намудааст.
Аз мероси адабии Шерхони Луди то замони мо тазкираи «Миръот-ул-хаёл» ва байтҳову қитъаоти пароканда боқӣ мондааст.
А.Алимардонов.