Маълумоти охирин

ШЕР

ШЕР, ғазанфар, арслон, ҳайдар, як навь ҷонвари ширхури даррандаро гуянд. Бино ба таснифоти зоологӣ мансуби оилаи гурбашаклҳост. Сар ва ҷуссаи калон дорад. Дарозиаш то 210 см, думаш то 110 см, вазнаш то 280 кг. Шер пурқуввату чолок аст. Муи танаш паст ва зарди бурранг мебошад; як қисми cap, гардан, сина ва зери шиками Шери иар бо муйҳои дарози жулида пушида шудааст.

sher

2 зернамуд (африкоӣ ва осиёи) дорад. Дар давраи чорумин ё антропоген (эраи кайнозоӣ) Шер дар Африка (ғайр аз бешаҳои тропикии ғарбӣ), Европаи Ҷанубӣ, Осиёи Пеш паҳн шуда буд. Алҳол фақат дар қисми шарқӣ ва ҷан. Африкаи Экваторӣ (дар мамнуъгоҳҳо) ва Осиё (шим. ғарбӣ Ҳиндустон — бешазори Гирек) вомехурад. Ҷои зисташ саванна ва бешазори назди дарьёҳост. Шерҳо шомгоҳон ва шабона якка ё оила-оилаю гуруҳ-гуруҳ (то 5—10-тогӣ) шуда шикор мокунанд. Ғизои Шер асосан оҳу, шоҳбарзагов, зебра, гавазн, чорвои хонагӣ ва инчунин паррандаю хазандаҳо мебошад. Шер баъзан ба одам низ ҳуҷум мекунад. Давраи ҳомилагиаш 116 шаборӯз; 1—6 (одатан 3— 4) бачаи холдор мсзояд,  дар се-солагӣ болиғ мешаванд. Шер 30—35 сол умр мебинад. Шер дар табиат баъзан бо бабру паланг низ ҷуфт мешавад, вале дурагаҳои таваллудшуда қобили наслдиҳӣ нестанд. Шер ба осонӣ ром шуда, дар шароити ғайритабиӣ низ насл медиҳад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …