Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШЕЛФ

ШЕЛФ

shelf

ШЕЛФ (англ, shelf), тунукобаи материки, ҳамвориҳои зериобии атрофи материкҳост, ки қад-қади соҳилҳои баҳру уқьёнусҳо тул кашидаанд ва сохти геологиашон низ бо хушкӣ як хел аст. Чуқурии канори Шелф одатан 100—200 м, вале дар баъзе ҷойҳо (мас., дар хамии Курили Ҷанубии б. Охота) то ба 1500—2000 м мерасад, бари Шелф то 1500 км аст (мас., дар уд. Яхбастаи Шимолӣ). Майдони умумии Шелфҳои ҷаҳон — қариб 32 млн км2. Шелфҳои аз ҳама сербар дар канори шимолии материки Евросиё ва б. Беринг, хал Гудзон, б. Ҷануби Хитой, дар шим. Австралия воқеъ гаштаанд. Шелф аз моҳӣ ва ҳайвонҳои баҳрӣ бой аст. 92% шикори моҳии ҷаҳон ба Шелф рост меояд. Аз қаъри замини Шелф нефт ва газ истихроҷ мекунанд (халқҳои Форс, Мексика, б. Шимолӣ ва ғ.). Ҷустуҷӯи диг. сарватҳои табиат (касситерит, титаномагнетит, алмос, тилло ва ғ.) давом дорад. Нисбат ба Шелф соҳибихтиёрии давлатҳои назди соҳил муқаррар карда шудааст. Қоидаи байналхалқии истифодаи Шелф дар конвенцияи махсуси Конференцияи Женева оид ба ҳуқуқи баҳр (с. 1958) муайян гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …