Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАТАЛОВ Владимир Александрович

ШАТАЛОВ Владимир Александрович

shatalov-v

ШАТАЛОВ Владимир Александрович (тав. 8. 12. 1927, Петропавловский вил. Қазоқистони Шимолӣ),лётчик – кайҳоннаварди СССР, генерал – лейтенанти авиация (1975), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (яив. 1969, окт. 1969), номзади илмҳои техника (1972). Аъзои КПСС аз с. 1953. С. 1956 Академияи Ҳарбии ҳавоиро (ҳоло ба номи Ю. А Гагарин) хатм намуда, дар қисмҳои авиационии Армиям Советӣ хизмат кард. Аз с. 1963 дар отряди кайҳоннавардон аст. 14 —17 янв. 1969 ба сифати командири киштии кайҳонии «Союз-4» ба кайҳон парвоз намуд. 13—18 окт. 1969 ҳамроҳи А. С. Елисеев ба сифати командири киштии кайҳонии «Союз-8» бори дуюм ба кайҳон парвоз кард. 23—25 апр. 1971 ба сифати командири киштии «Союз-10» ҳамроҳи А С. Елисеев ва Н. Н. Рукавишников бори сеюм ба кайҳон парвоз кард. Дар 3 парвоз Шаталов 237 соату 18 ҳаз. дар кайҳон буд. Ба яке аз танураҳои тарафи нонамоёни Моҳ номи Шаталов гузошта шудааст. Депутати Совета Олии СССР (даъватҳои 9—11). Бо 3 ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ад.: Люди и космос, М., 1975.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …