Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШАРТНОМАИ ВАРШАВА

ШАРТНОМАИ ВАРШАВА

ШАРТНОМАИ ВАРШАВА (1955) дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ, ки 14 май дар Варшава тавассути Булғория, Венгрия, РДГ, Польша, Румыния, СССР, Чехословакия ва Албания ба имзо расид. (Аз с. 1962 дар кори Ташкилоти ПГ. В. Албания иштирок накард ва аз сент, 1968 аз он баромад). Шартномаи Варшава аз 5 июня 1955 ба ҳукми қонун даромад. Фаъолияти НАТО боиси баста шуданн Шартномаи Варшава гардид. Вазифаи он таъмини бехатарии мамлакатҳои аъзои Шартномаи Варшава ва ҳифозати сулҳ дар Европа мебошад. Ҳамроҳ шудани дигар давлатҳо новобаста ба сохти ҷамъиятню давлатиашон ба ташкилоти мазкур ихтиёрист. Давлатҳои аъзои Шартномаи Варшава уҳдадор шуданд, ки ба ягон давлат тадқиқ накунанд ва зуриро нисбат ба онҳо истифода нбаранд, вале агар ҳуҷуми мусаллаҳона ба ягон мамлакати аъзои Шартномаи Варшава рух диҳад, фавран ба он бо ҳамаи воситаҳои зарурӣ, аз ҷумла қувваҳои мусаллаҳ ёрӣ расонанд.

shartnomai-varshava

Аъзоёни Ташкилоти Шартномаи Варшава уҳдадор шуданд, ки дар руҳияи дӯстию ҳамкорӣ бо мақсади мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодию мадании байни якдигар аз руи принципҳои эҳтироми истиқлолияти ҳамдигар, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар амал кунанд. Давлатҳои аъзои Шартномаи Варшава Фармондеҳии муттаҳидаи қувваҳои мусаллаҳро ташкил доданд. (Сарфармондеҳи он аз с. 1977 маршали Иттифоқи Советӣ В. Г. Куликов, сардори штаб аз с. 1976— генерали армия А. И. Грибков; маркази штаб — ш. Москва). Органи олии Ташкилоти Шартномаи Варшава Комитети консултативии сиёсист.

28—29 май 1987 дар Берлин маҷлиси машваратии Комитети сиёсии консультативии давлатҳои аъзои Шартномаи Варшава дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ барпо гардид. Дар он «Дар бораи доктринаи ҳарбии давлатҳои аъзои Шартномаи Варшава» ҳуҷҷат ба имзо расид. Ҳуҷҷати мазкур моҳияти сиёсати сулҳдӯстонаи ҷаҳони социалистиро бори дигар ба тамоми олам эълон кард.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …