Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШАРТНОМА

ШАРТНОМА

ШАРТНОМА, дар ҳуқуқи гражданӣ, созишномаи ду ё якчанд шахсест, ки боиси ба миён омадан, тағйир ёфтан ё қатъ гардидани ҳуқуқу уҳдадориҳои гражданӣ (хариду фуруш, пудрат ва ғ.) мегардад; яке аз воситаҳои асосии ба миён омадани уҳдадорӣ ва муносибатҳои ҳуқуқист (ниг. Уҳдадорӣ). Шартномаи шифоҳи, хаттӣ ё тавассути нотариат баста мешавад. Баъзе Шартномаҳо (мас., хариду фуруши хонаи истиқоматӣ) ҳатман бояд дар органҳои дахлдори давлатӣ сабт шаванд.

shartnoma

Дар ҳуқуқи граждании советӣ тартибӣ бастани Шартномаро Асосҳои қонунгузори граждании СССР ва республикаҳои иттифоқӣ (1961), кодексҳои республикаҳои иттифоқӣ (мас., КГ РСС Тоҷикистон. мод. 161—168) муайян мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …