Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ШАРШАРА

ШАРШАРА

sharshara

ШАРШАРА, шарра, шора, обшор, аз зинаи баланди маҷро ба поён рехтани оби дарьёро гӯянд. Оберо, ки аз чандин зинаи ба ҳам наздик мефарояд, қаторшаршара меноманд. Агар об аз зинаи пасти моил фарояд, онро обғалт мегуянд. Шаршараҳо дар натиҷаи дараи куҳҳоро банд кардани куҳпора ё дар ноҳияҳои ҳамвор ҷинсҳои кӯҳии сахтро бурида гузаштани дарьё ба вуҷуд меоянд. Зинаи Шаршара аз таъсири ҷараёни об муттасил вайрон мешавад, ки он боиси қафоравии Шаршара мегардад. Мас., Шаршараи Ниагара (дар сарҳади байни ШМА ва Канада) соле 0,7— 0,9 м қафо меравад. Дар мавриди бештар вайрон шудани зина дар ҷои Шаршара остонаҳо ба вуҷуд меоянд.

Шаршараҳои баландтарини Тоҷикистон: Овчуг (баландиаш тақр. 70 м, раёни Қалъаихум), Матравн (қариб 40 м, pаёни Ванҷ), Искандаркул (30 м, раёни Айнӣ).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …