Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРИФОВ Холмурод

ШАРИФОВ Холмурод

sharifov-x

ШАРИФОВ Холмурод (тав. 12. 2. 1927, деҳаи Кулолии р-ни Панҷакент), ходими давлатӣ ва партиявӣ, файласуф (номзади илми фалсафа, 1963), Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷ. (1977). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз с. 1948.

Фаъолияти меҳнатиаш с. 1942 оғоз ёфтааст. С-ҳои 1946—49 корманди комсомол. Баъди хатми Мактаби партиявии республика (1951) ҷонишини мудири Шуъбаи пропагандаи ЛКСМ Тоҷ., котиби якуми Комитета комсомоли вил. Ғарм. Баъди хатми Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС (1958) лектори КМ ПК Тоҷ., раиси Комиҷроияи p-ни Панҷакент. Баъди хатми аспирантураи АИҶ (1963) ҷонишини мудири Шуъбаи агитация ва пропагандаи КМ ПК Тоҷ. (1963—66), ҷонишини якуми вазири маданияти РСС Тоҷ. (1966—69), мудири Шуъбаи маданияти КМ ПК Тоҷ. (1969— 79). Аз апр. 1979 раиси Комитети давлатии РСС тоҷ. оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб.

Шарифов ба фаъолияти илмӣ ва публицистӣ низ машғул аст. Таълифоти илмӣ, илмии оммавӣ ва публицистии зиёде дорад. Асарҳояш ба масъалаҳои гуногуни фалсафа, аз ҷумла инкишофи ғурури инсон, проблемаҳои буньёди мафкураи коммунистӣ, тарбияи эстетикии меҳнаткашон ва ғ. оиданд. Шарифов солҳои зиёд узви Комитети советии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка буд. Аъзои Комиссияи тафтишоти КМ ПК Тоҷ. (1959— 62), номзад ба аъзоии КМ ПК Тоҷ. (1972—74) ва аз с. 1974 аъзои КМ ПК Тоҷ. Депутати Советӣ Олии РСС Тоҷ. (даъватҳои 8—11). Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Советӣ Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аз с.1967 узви ИЖ СССР.

Ос.: Дар бораи қонуниятҳои ба коммунизм гузаштан. Сталинобод. 1961; Меҳнати коммунистӣ ва инкишофи шахсият Д., 1962; Ташаккули одами нав, Д., 1965; Маданияти шукуфони халқи тоҷик, Д, 1967; Санъат ва дин, Д., 1970; Омилҳои педагогӣ ва психологии кори партиявӣ-сиёсӣ. Д.. 1971; Гард дар миҷгон, Д., 1972; Буньёди маънавии одами нав (ба ҳуруфи арабӣ), Д., 1984; Коммунистический труд как фактор развития личности, дар кит.; Техника, труд, человек, М., 1963.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …