Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРИФОВ Холмурод

ШАРИФОВ Холмурод

sharifov-x

ШАРИФОВ Холмурод (тав. 12. 2. 1927, дехаи Кулолии р-ни Панчакент), ходими давлати ва партияви, файласуф (номзади илми фалсафа, 1963), Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Точ. (1977). Аз оилаи дехкони камбагал. Аъзои КПСС аз с. 1948.

Фаъолияти мехнатиаш с. 1942 огоз ёфтааст. С-хои 1946—49 корманди комсомол. Баъди хатми Мактаби партиявии республика (1951) чонишини мудири Шуъбаи пропагандаи ЛКСМ Точ., котиби якуми Комитета комсомоли вил. Гарм. Баъди хатми Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС (1958) лектори КМ ПК Точ., раиси Комичроияи p-ни Панчакент. Баъди хатми аспирантураи АИЧ (1963) чонишини мудири Шуъбаи агитация ва пропагандаи КМ ПК Точ. (1963—66), чонишини якуми вазири маданияти РСС Точ. (1966—69), мудири Шуъбаи маданияти КМ ПК Точ. (1969— 79). Аз апр. 1979 раиси Комитети давлатии РСС точ. оид ба корхои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб.

Шарифов ба фаъолияти илми ва публицисти низ машгул аст. Таълифоти илми, илмии оммави ва публицистии зиёде дорад. Асархояш ба масъалахои гуногуни фалсафа, аз чумла инкишофи гурури инсон, проблемахои буньёди мафкураи коммунисти, тарбияи эстетикии мехнаткашон ва г. оиданд. Шарифов солхои зиёд узви Комитети советии якдилии мамлакатхои Осиё ва Африка буд. Аъзои Комиссияи тафтишоти КМ ПК Точ. (1959— 62), номзад ба аъзоии КМ ПК Точ. (1972—74) ва аз с. 1974 аъзои КМ ПК Точ. Депутати Совети Олии РСС Точ. (даъватхои 8—11). Бо орденхои Байраки Сурхи Мехнат, «Нишони Фахри», медалхо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст. Аз с.1967 узви ИЖ СССР.

Ос.: Дар бораи конуниятхои ба коммунизм гузаштан. Сталинобод. 1961; Мехнати коммунисти ва инкишофи шахсият Д., 1962; Ташаккули одами нав, Д., 1965; Маданияти шукуфони халки точик, Д, 1967; Санъат ва дин, Д., 1970; Омилхои педагоги ва психологии кори партияви-сиёси. Д.. 1971; Гард дар мичгон, Д., 1972; Буньёди маънавии одами нав (ба хуруфи араби), Д., 1984; Коммунистический труд как фактор развития личности, дар кит.; Техника, труд, человек, М., 1963.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.