ШАМСӢ СОБИР (фам. Собиов; тав. 26. 12. 1926, Хуҷанд), тарҷумони советии тоҷик. Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз с. 1962. УДТ-ро хатм кардааст (1956). Муҳаррири нашриёти «Ирфон» (1956—65), ходимн илмии Иниститути забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон (1962—65), ҷонишини сармуҳаррири Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба нашриёт, полигарафия ва савдои китоб (1965—66), муҳаррири Нашр. Давлатии Тоҷикистон (1966— 68), мудири шуъбаи насри «Садои Шарқ» (1968—77) ва муҳаррири калони илмии Сарредакцияи ЭСТ (1977 —82) буд. Аз соли 1985 ба кори эҷодӣ машғул аст. Тарҷумаи асарҳои классикони адабиёти рус, Ғарб ва адибони советӣ, аз ҷумла, «Ошьёни дворянҳо»-и И. Тургенев, «Ду капитан»-и В. Каверин, «Қиссаи як муҳаббат»-и О. Гончар, «Пӯлод чи тавр обу тоб ёфтааст»-и Н. Островский, «Замини корамшуда»-и М. Шолохов, «Ҷиноят ва ҷазо»-и Ф. Достоевский, «Васвасаи шайтон»-и Сабоҳиддин Алӣ, баъзе ҳикояҳои Л. Толстой, новеллаҳои Стефан Цвейг, И. Бунин, повести Р. Роллан «Пьер ва Люс», чанд драмаҳои М. Горький, Лопе де Вега, К. Яшин ба қалами Шамсӣ Собир таалуқ доранд. Дар тартиб додани «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1985) ширкат кардааст. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-сола-гии рӯаи таваллуди В. И. Ленин» мукофотонида шудааст. Аз с. 1969 узви ИН СССР. М. Музаффарова.
Tags тарҷумон тарҷумони советӣ
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …