Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАЛЯПИН Фёдор Иванович

ШАЛЯПИН Фёдор Иванович

shalyapin-f-i

ШАЛЯПИН Фёдор Иванович (13.12. 1873, Қазон —12. 4 1938, Париж), сарояндаи рус (бас), – Арт. Халқии  Республика (1918). Бештари партияҳояшро дар саҳнаи Операи хусусии русии Москва иҷро кардааст (1896—99). Сарояндаи Театри Калони Москва ва Театри Маринини Петербург. Намояндаи барҷастаи санъати иҷрокунандагии реалистии рус. Образҳои амиқро офарида, ҷаҳони мураккаби ботинии онҳоро мекушод. Партияҳои беҳтаринаш: Борис («Борис Годуновой М. П. Мусоргский), Мефистофель («Фауст»-и Ш. Гуно ва «Мефистофель»-и А. Бойто), осиёббон («Парии обӣ»-и А. С. Даргомыжский), Иван Грозный («Зани псковий Н. А. Римский-Корсаков), Сусанин («Иван Сусанин»-и М. И. Глинка), Олоферн («Юдифь»-и А. Н. Серов), Дон Кихот («Дон Кнхот»-и Ж. Массив) ва ғ. Сарояндаи барҷастаи сурудҳои камеравӣ, режиссёр. Истеъдоди Шаляпин инчуиин дар рассомӣ, кандакорӣ ва навнсаидагӣ зоҳир гардидааст. Аз с. 1922 дар хориҷа буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …