Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАЛҒАМЧА

ШАЛҒАМЧА

ШАЛҒАМЧА (Raphanus sativus var. raducula), як навъ сабзавот, шалғаммонандро гуянд; гиёҳи як ё дусолаест аз оилаи чилликгулҳо. Шалғамчаи яксола (навъҳои европоӣ) соли кишт бех ва тухм мебандад ва дусола (навъҳои хитоӣ, японӣ — навъҳои тирамоҳӣ) соли кишт бех баста, соли дигар гул мекунад. Бехмеваи навъдаи Шалғамча гуногуншакл (шалғаммонанд, лунда, зуғуташакл, дарозрўя ва ғ.) ва гуногунранг (сафед, сурх, зард, бунафш, гулобӣ) мешавад.

shalghamcha

Дар СССР асосан навъҳои европоии Шалғамчаро мепарваранд. Шалғамчаи худрўй маълум нест. Эҳтимол, аз навъи ба худаш наздики R. maritl-mus, ки 5 ҳаз. сол пеш дар соҳнли б. Миёназамин мепарвариданд, пайдо шуда бошад. Мувофиқи маълумоти Геродот шалғамча, пиёз ва сир хуроки меъморони аҳроми Хеопс (2900 сол то м.) будааст. Дар СССР Шалғамчаро аз ноҳияҳои шимол то ҷануб, махсусан дар наздикии шаҳрҳои калон ва марказҳои саноатӣ парвариш мекунанд. Аз ҳар га то 200 ц ҳосил меғундоранд.

Шалғамча забзавоти маъмул аст. Онро тару тоза истеъмол мекунанд ва барги наврасашро чун хуриш истифода мебаранд. Шалғамча 3,2% қанду оҳар, қариб 1% сафеда, витамини С (то 30 мг%), В/, ва каротин дорад.

Ад.: Вехов В. Н.. Губанов И. А., Лебедева Г. Ф., Культурные растения СССР. М,.1978.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …