ШАҚОИҚ, гули шақоиқ, шақир, шақира, шақиқ (Anemone), як ҷинси гиёҳҳои бисьёрсола ва буттаест аз оилан чакамуғиҳо, Дар шароити Тоҷикистон Шақоиқ гиёҳест, ки патакреша, решапоя ва бехи лундамонанд дорад.
Пояаш одатан як-то, баъзан 2—3-то (3—35 см қад мекашад). Баргаш панҷашакл (даро-зиаш 2—7 см, ба-раш 2,5— 7 см).
Гулаш калон (диаметраш 0,5—6 см), сурх, зард, сафеди гулобитоб (вобаста ба намудҳои Шақоиқ аз моҳи март то авг. мешукуфад).
Дар дуньё тақр. 120 намуди Шақоиқ маълум аст. Дар СССР 48—50 (аз ҷумла дар ноҳияҳои куҳсори Осиёи Миёяа 14) намуди Шақоиқ мерӯяд. Дар Тоҷикистон 9 намуди Шақоиқ (A. baissi-nensis, A. gortchakowii, A. bucharica, A. eranthiodes, A. protracta, A. serav-ehanica, A. tschernjaewii, A. petiolu-losa, A. verae) нашъунамо меёбад. Баъзе намудҳои Шақоиқ (A. seravebani-са, A. verae ва г.) хоси Помиру Олой мебошад.
Шақоиқ гули назаррабои лоламонанд (мас. Шақоиқи Нӯъмон ва Шақоиқи бухорӣ) аст;
Саъдӣ гуфтааст:
Гиё худ ҳамон қадр дорад, ки ҳаст,
В-гap дар миёни шақоиқ нишаст.
Аксар намудҳои Шақоиқ аввали баҳор (мас. A. petiolulos—ниг. расм. А. Bа-issimensis, A. bucharica ва ғ.) гул мекунанд. Баъзеи онҳоро мепарваранд. Васлӣ гуфтааст:
Шукуфтааст дар ин боғ ҳар гули садбарг,
Дамидааст дар ин ҷо шақоиқи бисьёр.
Бояд гуфт, ки дар баъзе луғатҳо Шақоиқро ба маънии лолаи куҳӣ ва гули маҷаҳ мефаҳманд.
Ад.: Цветоводство Таджикистана, Д., 1965; Флора Таджикской ССР, т. 4, Л., 1975.
М. Хоҷиматов.