Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАКАРПОРА

ШАКАРПОРА

ШАКАРПОРА, як навъ харбузаи маҳаллист. Байзашакли нукборик, дароз (35—45 см), вазнаш 5—7 кг. Пусташ сахти тўр-тўр, нақшҳои зард дорад. Рангаш сабзи баланд, сершира, хуштаъму хушбўй, 8—9% қанд (7,3% сахароза) дорад. Баъди 76—80 рўзи кишт мепазад. Аз ҳар га ба ҳисоби миёна 220—280 ц ҳосил медиҳад. Дар р-нҳои вил. Ленинобод, минтақаи ҷан. шарқии Тоҷикистон (р-нҳои Восеъ, Ёвон, Данғара, Кўлоб) ва водиҳои Вахшу Ҳисор бештар мекоранд.

xarbuza1

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …