Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШОҲТУТИ ЗАМИНӢ

ШОҲТУТИ ЗАМИНӢ

 ШОҲТУТИ ЗАМИНӢ, шаҳтути заминӣ, қулфнай, қулфунай (Fragaria ananassa), гиёҳи бисьёрсолаи зироатиест аз оилаи настараниҳо; як навъ меваест ба монанди марминҷон, тамашк ва шаҳтут. Навдаҳояш ба монанди адирик реша меронанд. Пояаш сершох (то 35 см қад мекашад). Баргаш мураккаб (аз 3 баргчаи гирда 6 байзашакли дандонадор иборат аст; дарозиаш 5—15 см, бараш 5—8 см), дароз (то 30—40 см), думчааш нисбатан ғафс ва пашмакдор. Гулаш сафед, калон (диаметраш то 3 см), 5-барга, дуҷинса (моҳҳои апр.— май мешукуфад). Мевааш гуногунранг (бештар сурх, баъзан гулобӣ) ва гуногуншакл, хушбӯй ва хуштаъм; тухмаш майда (зард, сабзтоб ё сурхча).

shahtuti-zamini

Ш. з.-и бухорӣ ё худрӯй (F. bucharica) гиёҳи бисьёрсолаест, ки 5—25 см қад мекашад. Баргаш (дарозиаш 20—25 см) мураккаб (аз 3 баргча иборат), дар бехи поя месабзад. Хушагулаш дароз (7—19 см), 1—4-гула; гулаш нисбатан майда (1,2—2 см), сафед (моҳҳои июль — авг. мешукуфад). Мевааш майда (диаметраш то 1 см), гулобӣ ва барои истеъмол ношоям аст. Ш. з.-и бухорӣ дар соҳили руду дарьёҳо, ҷойҳои серрутубат ва ғ. (к-куҳҳои Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Тоҷикистони Шарқӣ; 1900—2500 м аз с. б.) мерӯяд. Ин гиёҳ хоси Помиру Олой аст. Дар соҳаи селекция барои руёнидани навъҳои хубу серҳосил аҳамияти калон дорад.

Ш. з. меваи хеле қадимист. Тухми онро ҳангоми ҳафриётҳо аз бошишгоҳи одамони давраи санг ёфтаанд.

Ҳоло дар дуньё беш аа 2 ҳаз (аз рӯи маълумоти диг. 3 ҳаз.) навъи Ш. а. маълум аст. Як донаи баъзе навъҳои он то 60—80 г («Великан») мешавад; аз ҳар буттааш то 400 г («Комсомолка») мева меғундоранд.

Ш. з. дар як ҷои тақр. 20 сол ҳосил медиҳад, аммо онро одатан 4—5 сол мепарваранд ва баъд нав мекунанд, зеро ҳосил кам ва сифаташ паст мешавад. Ниҳоли Ш. а. баъди як ё ду соли кишт ба ҳосил медарояд. Навъҳои пешпазаки Ш. а. назар ба дерпазак 20—22 рӯз барвақт мепазанд. Дар дуньё ҳар сол беш аз 1 млн т ҳосил меғундоранд. Дар СССР ба 31 ҳаз. га Ш. з. мешинонанд; аз ҳар га 60—70 (баъзан то 170) ц ҳосил мегиранд.

Зироати Ш. з. дар Тоҷикистон асосан с-ҳои 30 маъмул шудааст. Ҳоло бисьёр навъҳои калонмеваи онро, ки «қулфунай» низ мегӯянд, бомуваффақият мепарваранд. Ш. з. дар шароити республика хуштаъму ширин ва хушбуй, инчунин сервитамин мешавад.

Ш. з. яке аз маъмултарин меваҷотест, ки тару тоза ва хушкогида (дар ҳарор 30*С) истеъмол мекунанд, Аз он шарбат, мураббо, май ва ғ. тайёр менамояяд. Ш. з. хеле серғизост, инчунин иштиҳоовар буда, кори узвҳои ҳозимаро тақвият медиҳад. Ш. з.-и тару тоза ба шахсоне, ки ба заъфи дил, ғалаёни хун (гипертония), захми меъда, дарди санги заҳрадон ва гурда, ниқрис, камхунӣ ва ғ. гирифторанд, хеле нафъбахш аст. Муқарра р кардаанд, ки шираи Ш. з. бисьёр микробҳои касалиангезро нобуд мекунад. Дар хотир бояд дошт, ки Ш. а. ба мизоҷи баъзеҳо (алалхусус кудакон) намефорад ва мумкин аст дар онҳо саглес ва аллергия пайдо шавад.

Дар тибби халқӣ нақеъ ё ҷӯшоби барг ва решапояи онро ҳангоми хала, заъфарма (ярадон), сил, дарди санги пешобдон, ҷароҳати куҳна ва ғ. та вс ия медиҳанд. Бо ҷӯшоби бexaш хала, исҳоли хунин (дизентерия) ва бавосирро табобат менамоянд. Дар вақти «шамолхурӣ» аз барг ва гулаш чой дам мекунанд.

Ш. з. бисёр моддаҳои судманд дорад. Дар Ш. з.-и тару тоза қанд (3,5— 15% 1, ҷавҳар (0,5—(1,5%), моддаҳои пектинӣ (1—2%) ва даббоғӣ (то 0,2%), витаминҳои С (50—92 мг%), гуруҳи В, каротин (провитамини А), пайвастҳои оҳан, фосфор, калций, манган, кобалт ва ғ. мавҷуданд.

Ад.: Философова Т. П., Земляника, М.. 1062; Флора Таджикской ССР, т. 4, Л., 1975; Вехой В. Н., Губанов И. А., Лебедева Г. Ф„ Культурные растения СССР. М., 1978.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …