Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Панҷакент

Шаҳри Панҷакент

Панҷакент, шаҳр (то 1953 — птш), маркази маъмурии райони Панҷакенти вилояти Ленинобод. 68 км шарқтари шаҳри Самарқанд, дар соҳили чапи дарёи Зарафшои воқеъ аст. Баландиаш аз соҳили баҳр 930 м, Ҳарорати миёнаи январӣ —1 °, июл 25,6° С. Боришоти солона 325 мм. Аҳолиаш 17000 нафар (1976). Роҳҳои автомобилгард Панҷакентро бо шаҳрҳои Ленинобод (340 км, ба воситаи Са­марқанд) ва Душанбе (270 км, ба во­ситаи ағбаи Анзоб) мепайванданд.

Панҷакент яке аз шаҳрҳои саноатии рес­публика аст. Дар Панҷакент заводҳои консерви меваю сабзавот, коркарди тамоку, хишт, комбинатҳои орду биринҷ, гӯшту шир ва хизмати маишӣ, идораҳои бинокорӣ ва таъмиру бинокорӣ ҳастанд, Ба аҳолӣ 61 муассисаи савдо ва 64 нуқтаи хӯроки умумӣ хизмат мерасонад. Панҷакент дорои омӯзишгоҳҳои педагогӣ, тиббӣ (филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод), касбҳои техникӣ, 6 мактаби миёна, 2 мактаби 8-сола, мактаби мусиқӣ, хонаи пионерон, 4 китобхона, 4 клуб, кинотеатр, 2 хонаи маданият ва театри халқӣ мебошад.

Соли 1958 Му­зеи республикавии таъриху кишваршиносии ба номи Рӯдакӣ таъсис ёфт. Аз ёдгориҳои меъморӣ мадрасаи Олим Додхоҳ (асрҳои 18—19) боқӣ мондааст. Дар Панҷакент Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён ва Базаи ар­хеологии Институти таърихи АФ РСС Тоҷикистон қарор гирифтаанд. 56 км ҷанубу шарқтари Панҷакент, дар деҳаи Панҷруд оромгоҳи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ воқеъ аст. Панҷакент яке аз марказҳои туристии республика буда, дар он филиа­ли тоҷикистонии «Интурист» ҳаст.

Панҷакент яке аз шаҳрҳои бостонии Осиёи Миёна мебошад (ниг. Панҷакенти қадим). Пас аз истилои араб (соли 722) Панҷакент дар мавзеи Қавола ва асри 15 дар ҷои ҳозирааш бунёд ёфтааст. Дар асрҳои 15—19 Панҷакент баъди Самарқанду Бухоро шаҳри калонтарин ва яке аз марказҳои илму ҳунармандӣ ва савдои водии Зарафшон буд. Ҳокимияти Советӣ дар Панҷакент аввали соли 1918 барпо гардид.

Солҳои 1918—1924 Панҷакент дар ҳайати РАСС Туркистон, 1924—1929 РАСС Тоҷикистон буд. Аз октябри 1929 ба ҳайати РСС Тоҷикистон дохил аст. Аз соли 1930 маркази райони Панҷакент. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Панҷакент ба шаҳри ободу зебое табдил ёфт. Биноҳои 4—5 ошёнаи маъмурию истиқоматӣ сохта шудаид. Дар соҳили дарё Зарафшон кӯли «Ком­сомол» бунёд ёфт. Дар маркази шаҳр ҳайкали В. И. Ленин ва ба шарафи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҷассамаи ёдгорӣ гузошта шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …