Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Палмира

Шаҳри Палмира

Палмира (юн. Раlmyra — аз ороӣ, Тадмор), шаҳри қадимае дар шимоли шаҳри Сурия (наздикии шаҳри Тадмори ҳозира), маркази калони тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ. Маълумоти қадимтарин доир ба Палмира ба нимаи якуми ҳазораи 2 то мелод мансуб аст. Дар охири ҳазораи 2 то мелод Палмираро ошуриён хароб карданд, вале асри 10 то мелод шоҳи  Исроил Соломон онро аз нав барқарор намуд.

Дар асрҳои 1—3 мелод Палмира, ки алоқаҳои тиҷоратии он бо шаҳрҳои Байнаннаҳрайни Ҷануби, Скифия, Осиёи Миёна, Арабистони Ҷанубӣ мустаҳкам гардид, басо нашъунамо ёфт. Палмира дар ҳайати музо­фоти Сурия, ки онро соли 64 то мелод римиён бунёд карда буданд, мухторият дошт. Солҳои 60 асри 3 мелод мустақил гардид. Завҷа ва вориси Одинат ма­лика Зиновия (Бат-Заббай) солҳои 266—272 зидди Рим шӯриш карда, тамоми Осиёи Пешу Мисрро ба даст овард. Вале соли 272 лашкари ӯ аз тарафи императори Рим Аврелиан торумор карда шуд. Соли 273 Палмираро римиён хароб карданд.

Ансамблҳои меъмории Палмира бо ҳашамат ва дабдабанокӣ, бо муқассамаҳои серанумору нақшунигораш ҷолиби диққат буданд. Аз соли 1900 ҳафриёти архоологӣ мунтазам давом до­рад; қисми димнаи шаҳри қадима бо кӯчаҷои росту қаторсутунҳояш кушода шуд. Ёдгориҳои меъморӣ: то­қи азими серавоқа бо «Қаторсутунҳои калон»-и сари кӯчаи маркази (асри 2—3), ибодатгоҳи Бела (асри 1), агора, театр (асри 3), маъбадчаи росткунҷаи Баалшамин (асри 2), қисми девори шаҳр (нимаи дуюми асри 3; миёнаи аси 6 аз нав барқарор карда шудааст); «Маъбади ливо» дар шимолу ғарб (охири асри 3—аввали асри 4). Муҷассамаҳо, нақшҳои барҷаста ва ҳотамкориҳои сершумор ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …