Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Осака

Шаҳри Осака

Осака, шаҳрест дар Япония, мар­кази маъмурии префектураи Осака (Осака-фу). Дар ҳамвории наздисоҳилии халиҷи Хонсю (баҳри Дохилии Япон) ва делтаи дарёи Йодо воқеъ аст. Аҳоли­аш 2780 ҳазор нафар (1975).

Осака баъди Токио дуюмин шаҳри аз ҷиҳати иқтисодӣ муҳими мамлакат аст. Бандари калони баҳрӣ, узели муҳими роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ дорад. Маркази муҳими молия ва савдои Япония. Дар Осака биржаҳои шолӣ, пахта, палатаҳои савдою саноат, правленияи ҷамъияти аксионе­рон, инчунин шуъбаҳои банкҳои калонтарини коммерсионии мамлакат воқеанд.

Дар шаҳр зиёда аа 30 ҳазор корхонаҳои саноатӣ муттаҳид карда щудаанд. 15%-и гудозиши пӯлод, 40%прокат ва 1/3 ҳиссаи маҳсулоти аз металлҳои ранга тайёр кардаи мамлакат ба Осака рост меояд. Солҳои 1960—70 дар Осака саноати вазнин беҳтар тараққӣ кард. Махсусан саноати мошинсозӣ (киштисозӣ, мошинсозии энергетикӣ, асбобу дастгоҳсозӣ, таҷҳизоти радиотехникӣ) ривоҷ ёфт.

Соҳаҳои дигари саноаташ: хи­мия (масолеҳи резкий, синтезӣ, ло­ку ранг, дору), бофандагӣ (матоъҳои мӯина, пахтагин ва трикотажӣ), полиграфӣ, чарму пойафзол, хурокворӣ (консерви моҳӣ, орд, қанд ва ғайра), семент, шишаю сафол, чӯбгарӣ ва ғайра. Дар Осака чандин боғи истироҳат ва метрополитен (аз 1933) ҳаст. Университет ва дигар мактабҳои олӣ, музей, пла­нетарий дорад. Соли 1970 Осака намоишгоҳи байналхалқии «Экспо-70* буд. Аз ёдгориҳои меъмории асрҳои миё­на маъбадҳои Ситеннодзи (асри 6) ва Теммангу (асри 10), қалъаи Осака (1586) боқӣ мондаанд.

Осака бори аввал дар дастхатҳои асрҳои 4—7 номбар шудааст. Номи пешта- рааш Нанива; аз асри 15 — Осака. Солҳои 1583—86 ҳокими ҳамонвақтаи Япо­ния Хидэёси Тоётоми дар Осака қалъа сохта, онро ба қароргоҳи худ табдил дод. Дере нагузашта Осака шаҳри калон ва маркази савдои мамлакат гардид. Аз аввал асри 20 яке аз марказҳои ҳаракати коргарии Япония.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …