Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Одесса

Шаҳри Одесса

Одесса, шаҳри қаҳрамон, маркази вилояти Одессаи РССУ. Яке аз мар- казҳои калони саноатӣ, маданӣ, илмӣ ва курортии Иттифоқи Советӣ. Бандар дар соҳили шимоли ғарбии баҳри Сиёҳ, узели роҳҳои шоссе ва роҳи оҳан .Аҳолиаш 1046 ҳазор нафар (1979).

Одесса дар солҳои сохтмони сотсиалис­ти ба маркази калони саноатии Ит- тифоқи Советӣ мубаддал шуд. Муҳимтария соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ (заводҳои «Автогенмаш», «Одескабел», дастгоҳсозӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ,  қисмҳои трактор, кранҳои вазнин, аппаратҳои кино, таъмири киштӣ ва ғайра), химия (заводҳои коркарди нефт, препаратҳои химиявии фармасевтӣ ва ангезиши биогенӣ, су­перфосфат, истеҳсоли пластмасса ва ғайра). Истеҳсоли материалҳои синтезӣ босуръат ривоҷ меёбад. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (қанд, орд, гӯш- ту шир, консерв, қаннодӣ, вино ва ғайра), сабук (фабрикаҳои ҷут, мӯина, моҳут, пойафзол, чарм, дӯзандагӣ), чӯбгарӣ ва масолеҳи бинокорӣ мавҷуданд.

Одесса бандари калони баҳрист. Роҳҳои ҳавоӣ онро бо тамоми шаҳрҳои калони ССCP пайвастаанд. Одесса базаи флотилияи китсайдкунии Антаркти­ка мебошад.

Дар шаҳр 15 мактаби олӣ (аз ҷумла университет, институтҳои тиббӣ, политехникӣ, институти инженерони флоти баҳрӣ, институти электротехникии алоқа, кон­серватория), 25 мактаби миёнаи махсус (техникумҳои саноати газу нефт, автомеханикӣ, дастгоҳсозӣ ва ғайра), 6 театр, сирк, филармония, ки­ностудия, 5 музей, инчунин 4 институти тадқиқоти илмии тиббӣ мавҷуданд.

Дар Одесса ва атрофи он, инчунин ғарбтар аз дарёи Днестр, дар қад-қади баҳри Сиёҳ як қатор курортхои табобатӣ (Ар­кадий, Лермонтов, Холодная Балка, Большой Фонтан, Затока ва ғайра) ҷой гирифтаанд, ки онҳо аҳамияти умумииттифоқӣ доранд.

Соли 1794 дақ ҷои бошишгоҳн тоторҳо— Ҳоҷибей сохтмони лангаргоҳи киштиҳои баҳрӣ оғоз ёфт, ки он ҷо соли 1795 Одесса номида шуд. Дар Одесса бисёр воқеаҳои таърихӣ ва ҳаракатҳои револютсионӣ ба вуқӯъ омадаанд. Соли 1875 «Иттифоқи коргарони Ҷануби Россия», 1900 комитети РСДРП ташкил ёфт. Коргарони Одесса соли 1903 дар корпартоии умумии Ҷанубии Россия иштирок карданд.

Соли 1905 дар киштии «Потёмкин» шӯриш ба амал омад. Ҳокимияти Советӣ дар Одесса 17 (30) январи 1918 барпо гардид. Шаҳр аз 16 октябр 1941 то 9 апрели 1944 дар зери дасти истилогарони фашистии немис ва руминҳо буда, зарари калон дид. 10 апрел 1944 озод карда шуд. 22 декабр 1942 медали «Барои мудофиаи Одес­са» таъсис ёфт. Одесса «Шаҳри қаҳрамон», 8 май 1965 бо ордени Ленин ва медали «Ситораи Тилло» мукофотонида шуд. Дар солҳои панҷсолаи баъдиҷангӣ (1946—1950) шаҳр пурра барқарор гардид, дар солҳои минбаъда бошад, ба яке аз шаҳрҳои ободу зебои мамлакат табдил ёфт.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …