Маълумоти охирин

ШАБДАР

ШАБДАР, шабдор, шафтал, себаргаи форсӣ (Trifolium ге-supinatum), гиёҳи яксолаест аз ҷинси себарга (оилаи лӯбиёиҳо). Шабдари худрӯй 10—80 см ва кишта то 130 см қад мекашад. Гиёҳи сербаргу сергул аст. Баргаш (дарозиаш 8— 12 см) думчадароз, мураккаб — себарга (аз 3 баргча иборат); хушагулаш мудаввар (то 30-то гул дорад), шукуфааш гулобӣ ё бунафштоб, аз он бўи асал меояд (моҳи апр. мешукуфад).

shabdor

Гули Шабдар хеле сершаҳд аст, шаҳди як то гули он то 0,093 мг қанд дорад. Дар 1 га шабдарзор андаряк 437 ҳаз. гул мешу-куфад. Аз ҳар га-и он 152—266 кг асали хушбӯй мегиранд. Меваи Шабдар мудаввар ё дарозрӯя (2—2,5 мм), 1—2-ту хм ааст; тухмаш байзашакл ё гурда шакли қаҳварант, майда (1000-тоаш 1,5—1,8 г); моҳи май мепазад.

Дар Тоҷикистон Шабдари худрӯй нест. Онро дар замини обии водиҳои Вахшу Ҳисор чун зироати хӯроки чорво мекоранд. Ба замин пеш аз шудгор об мемонанд, сипас ба ҳар га 3—4 ц суперфосфат (алафи ҳар га шабдарзорро 14—55% зиёд мекунад) меандозанд, баъди шудгор (чуқу риаш 28—30 см) мола мекунанд. Баъд ҷуяк (масофаи байян ҷӯякҳо 60 см) мекашанд; тухмиро бо peг ё аррамайда омехта (ба ҳар га 10— 16 кг) мепошанд. Муҳлати кишти баҳорӣ моҳи март ва тирамоҳӣ — нимаи а ввали моҳи окт. Тухмӣ баъди 4—5 рўзи кишт месабзад. Давраи нашваш 80—130 рӯз. Шабдарзорро 2—3 маротиба медараванд; аз ҳар га 30—60 (баъзан то 150) ц хошок ва 4—7 ц тухмӣ меғундоранд.

Шабдар яке аз зироатҳои хӯрокии серғизо ва хушхӯри чорвост. Алафи сабзи Шабдар (дар давраи мевабандӣ) 11—12% протеин, 10% сафеда, 0,6% қанд, 2,5% оҳар (крахмал) ва ғ. дорад. 100 кг хошоки Шабдар, ки то 8—9 кг сафедаи лозим дорад, баробари 176 воҳиди хурокист.

Шабдар (махсусан навъҳои «Вахшии 2» ва «Вахшии 3)-ро барои ҳосилхез шудани замини пахта низ кишт мекунанд; Шабдар чун нурии сабз пурқимат аст.

Ад.: Паришкура Н. С., Крейдик Б. М., Себаргаи шабдар ё себаргаи форсӣ дар кит.: Зирратҳои хӯроки чорво дар Тоҷикистон, Д., 1965; Глухов М. М., Медоносные растения. М . 1974.   М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …