Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАБАКИЯ

ШАБАКИЯ

ШАБАКИЯ, турпардаи чашм, ретина, пардаи дохилии чашмро гӯянд, ки асосан аз ҳуҷайраҳои асаб иборат аст. Ҳуҷайраҳои Шабакия қобилияти ҳис кардани рўшноиро дошта, шаклан ба чубча ва колба (куаача) монанданд.

shabakiya

Шабакияи одам аз 10 қабат иборат аст ва қариб 7 млн хуҷайраи колбамонанд ва 75—150 млн ҳуҷайраи чӯбчашакл дорад. Ҳуҷайраҳои чӯбчашакл қобилияти дарк кардани ангезандаҳои сусти рӯшноиро доранд, -ки ба туфайли онҳо шахс дар нимторикӣ низ мебинад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …