Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САЛВАДОР

Шаҳри САЛВАДОР

САЛВАДОР (Salvador), Баия (Bahia), шаҳрест дар шимолу шарқи Бразилия, маркази маъмурии штати Баия. Аҳолиаш 1273 ҳазор нафар (1975). Байдар дар соҳили уқёнуси Атлантик. Стансияи роҳи оҳан; аэропорташ (дар Санту-Амару) аҳамияти байналхалқӣ дорад. Муҳимтарин маркази иқтисодии ноҳияи шимолу шарқи мамлакат.

salvador2

Соҳаҳои саноаташ: химия, семент, тамоку, хӯрокворӣ ва матоъҳои пахтагӣ. Ба хориҷа какао, тамоку, қанд, чарм, чӯби сахт мебарорад. Дар наздикии Салвадор корхонаҳои металлургӣ, химияи нефт ва ғайра мавҷуданд. Осори меъмориаш ба асрҳои 16—18 мансубанд. Университет (аз 1946), театр, музейҳо ва ғайраҳо дорад. Шаҳр соли 1549 таъсис ёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …