ХАБАРОВСК (то 1893 Xабаровка), шаҳр (аз 1880), маркази кишвар Хабаровски РСФСР, бандар дар дарёи Амур, стансияи роҳи оҳан. аэропорт дорад. Аҳолиаш 568 ҳазор нафар (1984).
Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ (заводҳои «Энергомаш», «Далдизел», дастгоҳсозӣ ва ғайра), чӯбгарӣ, коркарди нефт, саноати сабук. 8 мактаби олӣ, 3 театр ва 2 музей дорад. Xабаровск соли 1858 ҳамчун пости ҳарбӣ бунёд ёфта, ба шарафи кишваршиноси рус Б. П. Хабаров чунин ном гирифтааст. Шаҳр бо ордени Революцияи Оксябр (1971) мукофотонида шудааст.