СЕССИЯ (аз лотинӣ sessio — маҷлис), 1) давраи кори органи намояндагӣ, ташкилоти байналхалқӣ, конференсияи илмӣ ва ғайраро гӯянд. Дар СССР Сессия шакли асосии ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Советҳои депутатҳои халқист. Шумораи ҳатмии ақаллият ва мӯҳлати даъвати Сессия мувофиқи Низомномаҳои Советҳои дахлдор ба тартиб андохта мешавад. Масалан, Советҳои навбатии Совети Олии СССР дар як сол камаш 2 маротиба, Сессияи Советҳои вилоятӣ (кишварӣ) дар 1 сол камаш 4 маротиба даъват карда мешаванд.