Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕРПЕНТИН

СЕРПЕНТИН

СЕРПЕНТИН (аз лотинӣ serpens  — мор  ранги баъзе Серпентинҳо ба пӯсти мор шабоҳат дорад). минералест аз синфи силикатҳо. Таркиби химиявиаш Mg6 [Si4 O10] (OH)8. Серпентин аз ҷиҳати морфологӣ ва хусусиятҳои деформатсияи панҷараи кристаллӣ ба се намуди асосӣ ҷудо мешавад: антигорит (Серпентини майдапулакчаи варақмонанд), хризотил (Серпентини маҳиннах), лизардит (Серпентини маҳиндона). Ҳамаи онҳо дар системаи моноклинӣ кристалл мебанданд. Аз сабаби гуногунии деформатмсияи панҷараи кристаллӣ структураи Серпентин низ ҳархела аст. Ин гуна дигаргунии структурӣ бо усулии рентгенографӣ ва тавассути микроскопи электронӣ муайян карда мешавад. Вобаста ба миқдор ва таносуби Ғе3+ ва Ғе2+, инчунин омехтаҳои Ni ранги Серпентин сафед, зардча, сабз, сабзи тира шуда метавонад. Сахтии Серпентин 2,5—3; зичиаш 2550 кг/м3. Серпентин минерали ҷинсофарини серпентинитҳост. Серпофит (Серпентини зич), ки массаи опалмонанду  ҷилои мумӣ дорад, ҳамчун санги резакорӣ истифода бурда мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …