Маълумоти охирин

СЕР

СЕР 1) воҳиди ченаки вазн, ки аз асрҳои миёна дар Шарқ (Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Осиёи Миёна) маъмул аст. Вазни Сер дар ноҳияҳои гуногун мухталиф аст. Дар Бухорои асримиёнагӣ як Сер ба 2,98 кг баробар буд, дертар 3,2 кг-ро ташкил медод. Дар Тоҷикистон ва водии Фарғона низ тақрибан ба 3,2 кг баробар буд. Бо мурури замон пас аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар республикаҳои Осиёи Миёна Сер аз байн рафт. Ҳоло дар Афғонистон, ноҳияҳои бо он ҳамҷавори Эрон ва Ҳиндустон Сер маъмул буда, вазни ягона надорад. Дар Кобул ва атрофи он як Сер ба 7,066 кг, Мазори Шариф (вилояти Балх) ба 14,132 кг, Маймана (вилояти Фароб) ба 48 кг, дар ноҳияҳои шимоли шарқии Бадахшони Афғонистон ба 2,98 кг баробар аст. Як Сери Ҳиндустон 955 грамм аст; 2) дар дорусозӣ ва аттории қадим ченаки вазнест, ки ба 15 мисқол (63,75 грамм) баробар аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …