Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СЕНЕГАЛ

СЕНЕГАЛ

СЕНЕГАЛ, Республикаи Сенегал (republicque du senegal), давлатест дар Африкаи Ғарбӣ. Масоҳаташ 196,2 ҳазор км2. Аҳолиаш қдриб 6 млн нафар (1983), волоф, серер, фулбе, тукудар ва ғайра. Забони расмӣ— франсавӣ. Аксари аҳолӣ мусулмонанд. Пойтахташ шаҳри Дакар. 7 вилоят дорад. Сардори давлат — президент. Органи олии қонунбарор — Маҷлиси миллӣ қисми зиёди хоки Сенегал— ҳамвории паст. Иқлимаш субэкваторӣ. Ҳарорати миёнаи моҳона аз 23 то 280С.

Дарёи асосӣ — Сенегал. Қисми зиёди ҳудуди Сенегалро саваннаҳо фаро гирифтаанд. Дар асрҳои миёна ҳудуди Сенегал ба ҳайати давлатҳои Гала, Мали, Сонгаи дохил буд. Ба Сенегал омадани франсавиҳо аз асри 17 сар шуд. Солҳои 80—90 асри 19 онҳо Сенегалро пурра забт карданд ва Сенегал аввалин мустамликаи Франсия дар Африкаи Ғарбӣ гардид, Солҳои 1895—1958 Сенегал дар ҳайати Африкаи Ғарбии Франсавӣ. Соли 1959 Иттифоқи тараққипарвари Сенегал (ИТС) таъсис ёфт, ки он декабри 1976 Партияи сотсиалистии Сенегал ном гирифт. Аз 20 августи 1960 Реслубликаи мустақил. Аа соли 1962 байни Сенегал ва СССР алоқаи дипломатӣ ҳаст. Сенегал мамлакати аграрист. Зироати асосии хоҷагии қишлоқ— арахис (чормағзи заминӣ); солҳои 1982—1983-ум 1091 ҳазор тонна арахис ғундоштанд. Пахта, арзан, ҷуворӣ, ҷуворимакка, шолӣ низ мекоранд. Чорводорӣ хеле тараққӣ кардааст (1981, ба ҳисоби миллион сар): гов — 2,3, бузу гӯсфанд —3,2, асп —0,24, хар — 0,25, уштур —0,07, хук —0,3. Фосфорит, намак истихроҷ мекунанд. Соли 1928 корхонаҳои саноатии Сенегал 190 ҳазор тонна нурии минералӣ, 380 ҳазор тонна семент, 240 ҳазор тонна равғани арахис, 320 ҳазор тонна кунҷора, 25 ҳазор тонна консерви моҳӣ, 10 ҳазор тонна орди моҳӣ, 0,6 ҳазор тонна равғани моҳӣ, 840 ҳазор тонна маҳсулоти нефт ва 635 миллион кВт-и энергияи электр истеҳсол карданд.Тӯлн роҳи оҳан тақрибан 1,4 ҳазор км ва роҳҳои автомобилгард беш аз 14 ҳазор км (1982). Бандари асосӣ ва аэропорти дорои аҳамияти байналхалқиаш — Дакар. Ба хориҷа асосан арахис ва фосфорит мебарорад. Шарики асосии тиҷоратиаш Франсия. Воҳиди пул — франки -африкоӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …