Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СЕМИПАЛАТИНСК

Шаҳри СЕМИПАЛАТИНСК

СЕМИПАЛАТИНСК шаҳрест дар Республикаи Советӣ Солтсиалистии Қазоқистон, маркази вилояти Семипалатинск. Дар ҳар ду соҳили дарёи Иртиш (бандараш дар соҳили рост) ҷойгир аст. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 307 ҳазор нафар (1984). Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Семипалатинск ба маркази муҳими саноати республика табдил ёфт. Соҳаҳои асосии саноаташ — хӯрокворӣ ва саноати сабук. Солҳои 1920—1928 маркази губерния, 1928—1932 округ, аз 1932 вилояти Қазоқистони Шарқӣ, аз 1939 маркази вилояти Семлпалатинск мебошад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …