Маълумоти охирин

СЕЛГАҲ

СЕЛГАҲ, деҳаест дар Совети қишлоқи Араби райони Панҷ, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи  колхози «Правда». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 7 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 2020 нафар (1965) асосан тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа, боғчаи бачагон, 2 магазин ва ошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахтаю обчакорӣ, чорводорӣ ва кирмакдорист. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …