Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕЛЕНИДҲО

СЕЛЕНИДҲО

СЕЛЕНИДҲО, пайвастҳои химиявии селен бо металлҳо. Селенидҳо мушобеҳи сулфидҳо ва теллуридҳо мебошанд. Онҳоро бо роҳи таъсири бевоситаи металлҳо ва оксиди онҳо, инчунин таъсири маҳлули намакҳо бо H2 Se ҳосил мекунанд. Селенидҳои элементҳои мутавассити гурӯҳҳои IV—VIII лантаноидҳо ва актиноидҳо душворгудоз (t гудозиш 2000—2500°С) ва аз ҷиҳати химиявӣ устуворанд. Селендҳои металлҳои гурӯҳчаи руҳ асосан барои резисторҳо, фотоэлементҳо, Селендҳои галлий дар техникаи лазерӣ, Селенидҳои металлҳои мутавассит дар таҷҳизоти нимноқилии баландҳарорат ва диселенидҳои молибдену волфрам ба сифати равғанҳои молиданӣ барои мошинҳо истифода мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …