Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи СЕБИСТОН

Деҳаи СЕБИСТОН

СЕБИСТОН, деҳаест дар райони Данғараи вилояти Кулоб, маркази Совети  қишлоқ Себистон. Территорияи совхози «Себистон». Аз деҳа то маркази район 17 км. Аҳолиаш 2750 нафар (1985), асосан тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби миёна, китобхона, хонаи маданият, амбулатория, дорухона, шӯъбаи алоқа, магазин, ошхона, чойхона, нуқтаҳои хизмати маишӣ (сехҳои пойафзолдӯзӣ, дӯзандагӣ, устохонаи таъмири радиою телевизор, суратгирӣ ва сехи қаннодӣ) дорад. Дар Себистон базаи автомобилии рақами 5, парки мошину тракторҳои совхоз ҷой гирифтаанд. Машғулияти асосии аҳолӣ ғаллакории лалмӣ, боғу токдорӣ, чорводорӣ ва кирмакдорист.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …