Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШРЁДИНГЕР Эрвин

ШРЁДИНГЕР Эрвин

schrodinger

ШРЁДИНГЕР (Schrodinger) Эрвин (12. 8. 1887, Вена —4. 1. 1961, ҳамон ҷо), физики австриягӣ, яке аз буньёдгузорони механикаи квантӣ. Асарҳои асосиаш ба физикаи математика, назарияи нисбяят, физикаи атом ва биофизика оиданд. Нахустин кори Ш. ба тадқиқн назарияи панҷараи кристаллӣ ва буньёди назарияи математикии ранг (1920) мансуб аст, ки он баъдтар асоси колориметрини муосирро ташкил дод. Ш. дар таҳияи механикаи мавҷӣ (ох. 1925— ав. 1926) саҳми калон гузоштааст: аз гипотезаи Л. де Бройл оид ба мавҷҳои материя Ш. ба чунин хулоса омадааст, ки ҳолати стационарии системаи атом ҳамчун лахшиши хусусии майдони мавҷии ба системаи додашуда мувофиқ муоина карда мешавад; Ш. муодилаҳои асосии механнкаи квантии ғайрирелятивӣ (муодилаи Шрёдингер)-ро муқаррар намуд ва ҳалли онро барои қатори хусусии масъала ва инчунин усули истифодаи онро дар назарияи ошуб исбот кард. Лауреати Мукофоти нобелӣ (1933).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …