САРИ, либоси миллии занони ҳинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ дошта тайёр мекунанд. Як нӯки матоъро аз болои рон ду маротиба печонида, нӯки дигарашро аз китфн рост ё чап ба қафо мепартоянд.
Аз таги Сари нимтанан кӯтоҳостин мепӯшанд. Ҳангоми кӯчагардӣ занҳо як нӯки матоъро ба сар мегиранд. Дар воҳияҳои алоҳида ва гурӯҳҳои гуногуни аҳолии Ҳиндустон пӯшидани Сари баъзе махсусият дорад. Қисми поёнии он ба юбка шабоҳат дошта, шалвормонавд низ мешавад.