Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРФИИ СОВАҶӢ Салоҳуддин

САРФИИ СОВАҶӢ Салоҳуддин

САРФИИ СОВАҶӢ Салоҳуддин, маъруф ба Сарфии Жӯлидамӯй (соли таваллуд номаълум, Сова — вафот 1590, Дакан), шоири форс-тоҷик. Силсилаи насаби ӯ ба Салмони Соваҷӣ мерасидааст. Аз шогирдони Мавлоно Мӯҳташами Кошонӣ. Дар пирӣ ба Ҳиндустон сафар кард. Чанде дар Гуҷарот буд. Аз он ҷо ба Лоҳур омада, бо Файзии Даканӣ шиносои пайдо кард ва ҳамроҳи ӯ ба Дакан рафт. Сарфии Соваҷӣ дар сурудани ғазалу қасида, билхосса, дар бадеҳатан гуфтани шеър маҳорати том дошт. Соҳибдевон будааст, вале девонаш ҳанӯз дастрас нест. Ин байт намунае аз эҷодиёти ӯст:

Бо ту рашкам кушаду бе ту ҷудоӣ; чӣ кунам?
Мекашам ин ҳама аз дидану нодидани ту!

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …