Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРДХУНҲО

САРДХУНҲО

САРДХУНҲО, ҳайвонҳои пойкилотермӣ (аз юнонӣ — гуногун, тағйирёбанда ва шегте — гар- мӣ), як гурӯҳ ҷонваронеро гӯянд, ки ҳарорати баданашон вобаста ба ҳарорати муҳити беруна тағйир ёфта меистад. Ба Сардхунҳо ҳамаи бемӯҳраҳо, моҳиҳо, обхокиҳо ва хазандаҳо мансубанд. Ҳарорати бадани Сардхунҳо одатан ба ҳарорати муҳити беруна баробар ё аз он ҳамагӣ 1—2°Селсия баланд аст. Дар натиҷаи фурӯбурди гармии офтоб ё кори мушакҳо ҳарорати бадани аксари онҳо баланд мешавад.

67000427

Масалан, харорати бадани говзанбӯр дар вақти парвоз ҳангоми 4—8°С елсия будани ҳарорати ҳаво ба 38—44’Селсия мерасад, вале баъди ба охир расидани парвоз зуд хунук шуда, ба ҳарорати муҳити беруна баробар мешавад. Аз ҳад зиёд баланд ва ё паст шудани ҳарорати муҳити атроф Сардхунҳоро карахт мекунад ё онҳоро ба ҳалокат меорад. Аксари онҳо қисми зиёди сол карахт мебошанд. Масалан, сангпушти даштӣ соле ҳамагӣ 3 моҳ фаъол мебошаду халос. Ба туфайли суст инкишоф ёфтани системаи асаби марказӣ ва паст будани мубодилаи моддаҳо Сардхунҳо меха- низмҳои танзими ҳарорат надоранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …