Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ МАЙКАШӢ

САНОАТИ МАЙКАШӢ

САНОАТИ МАЙКАШӢ, як соҳаи саноати хӯрокворь, ки аз ангуру мева ва май, шампон ва коняк тайёр мекунад. Ашёи хоми Саноати майкашӣ—ангур, мева ва ғуҷуммева. ‘Гокдорӣ ва майкашӣ аз қадимулайём маълум аст.
Саноати майкашии Россияи тореволютсионӣ соҳаи қафомондае буд. Тақрибан нисфи ангури ҳар сол ҷамъоваришуда (450 ҳазор тонна) барои майкашӣ ва мавиз сарф мешуд. Саноати майкашӣ солҳои Ҷанги яку- ми ҷаҳон (1914—1918), Ҷанги гражданӣ ва интервенсияи ҳарбӣ (1918— 1920) таназзул ёфт. Соли 1921 баробари вусъат ёфтани токзор ба истеҳсоли май ангур шурӯъ намуданд. Солҳои 1936—1937 Комитети Марказии ВКП(б) ва Ҳукумати Советӣ доир ба тараққии токдорӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маи баландсифати ангур ва шампон чанд қарор қабул кард. Соли 1940 токзор ба 425 ҳазор гектар, ҷамъоварии солонаи ангур ба 1131 ҳазор тонна ва истеҳсоли май ба 19,7 миллион дал расид. 150 совхози махсуси токдорӣ таъсис ёфт. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) Саноати майкашӣ сахт зарар дид, токзорҳо кам ва дар Қрим, кишвари Краснодар, вилояти Ростов ва дигар районҳо заводҳои майкашӣ вайрон шуданд. Пас аз ҷанг корхонаҳои вайрон барқарор, заводҳои нави майкашӣ сохта шуданд. Корхонаҳои Саноати майкаширо бо техникаи нав таҷҳизониданд. Қарорҳои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС ва Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР оид ба афзун гардонидани истеҳсол ва тайёр кардани мева, ангур (1956) ва Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС «Дар бораи инкишофи минбаъдаи махсусгардонӣ ва консентрасияи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ дар заминаи кооперасияи байнихоҷагӣ ва интеграсияи агросаноатӣ» (1976) ба тараққиёт ва истеҳсоли меваҳо ангур мусоидат карданд. Дар тӯли солҳои 1940—1980 токзор аз 425 ҳазор гектар ба 1323 ҳазор гектар, чамъоварии ангур аз 113 ҳазор тонна ба 5026 ҳазор тонна ва истеҳсоли май аз 19,7 миллион дал ба 322 миллион дал расид. Истеҳсоли май дар ҷаҳон дар муддати 65 сол (1913—1978) аз 1460 миллион дал то 2500 миллион дал, дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР бошад аз 30 миллион дал то 247 миллион дал афзуд. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 9,9% маи ҷаҳонро истеҳсол карда, дарҷаҳои ҷои 4-умро мегирифт (1969). Дар конкурсу намомшгоҳҳои байналхалқӣ (фақат солҳои 1959—1970) маҳсулоти Саноати майкашии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР сазовори 1326 медал (673 тилло, 610 нуқра, 43 биринҷӣ) гардидааст. Дар истеҳсоли маҳсулоти Саноати майкашӣ ва ашёи хоми он мавқеи республикаҳои иттифоқӣ як ҳел нест.
Саноати майкашӣ дар Тоҷикстони тореволютсионӣ (дин ба тайёр кардани май роҳ намедод) қариб вуҷуд надошт. Аввалин заводи майро соли 1873 савдогар Исаев дар Деҳмой сохта буд (соле 1000 литр май истеҳсол мекард). Помещикони рус дар Ӯротеппа ва Ҳисор ду заводи хурди майкашӣ сохта буданд, ки дар як сол 75 рӯз кор мекард. Соли 1913 3аводи маи Ӯротеппа, ки ҳамагӣ 10 коргар дошт, 8 ҳазор сатил май истеҳсол кардааст.

may

Саноати майкашии Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти Советӣ босуръат тараққӣ кард. То Ҷанги Бузурги Ватанӣ якчанд корхонаҳои майкашии Ӯротеппа (1929), Ленинобод (1930), Душанбе (1931), Шаҳринав, Панҷакент ва Октябр (1931) ва ғайра ба кор даромаданд. Баъди ҷанг баробари такмилдиҳии заводҳои кӯҳна боз чанд заводу сехҳои нави майкашӣ сохта шуданд.
Дар республика боғу токзор, ҷамъоварии меваю ангур ва ба давлат фурӯхтани он сол то сол меафзояд (нигаред, ҷадвали 2). Аммо истеҳсоли май дар республика минбаъд муттасил кам мешавад. Дар муддати солҳои 1940—1980-ум майдони боғу токзорҳо 3,1, ҷамъоварии меъаю ангур 2,5 ва истеҳсоли май ҳамагӣ 2 баробар афзудааст.
Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР масъалаи тадбирҳои барҳам додани мастигарию майзадагӣ, нест кардани шаробкаширо муҳокима намуда, Советҳои Вазирони республикаҳои иттифоқию «автаномӣ, комитетҳои Иҷроияи Советҳои кишварию вилоятии депутатҳои халқӣ, вазорату идораҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР -ро вазифадор кард, ки бар зидди мастигарӣ, майзадагӣ, шаробкашӣ ва тайёр намудани дигар нӯ-шокиҳои спиртдори истеҳсоли хонагӣ муборизаро қатъӣ пурзӯр гардонанад. Истеъмоли шароб на танҳо ба саломатии одамон, балки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият—иқтисодиёт, рӯзгор, симои маънавӣ ва шуури инсон зарари калон мерасонад. Мувофиқи қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия СоветскогоӣСоюза КПСС «Дар бораи чораҳои барҳам додани бадмастию майзадагй (маи 1965) истеҳсоли маи меваю ангур торафт кам шуда то соли 1988 комилан қатъ мегардад. Дар корхонаҳои Саноати майкашӣ ба ҷои май меваю «ангур, истеҳсоли шарбат, шира, квас, (мураббо, ҷем, меваю ангури тару тоза, яхин ва хушк хеле босуръат меафзояд.
Ба Советҳои Вазирони республикаҳои иттифоқӣ ва Сентросоюз супориш дода шуд, ки аз колхозу совхозҳо ва аз аҳолӣ зиёдатии миёнаи дарахту бутта, ангурро бештар харанд ва дар назар дошта бошанд, ки онҳоро тару тоза, хутак ва яхин фурӯшанд, онҳоро барои мураббо, компот, шарбат ва ҷем истифода баранд.
Қатъ гардидани майкашӣ имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатии меваҷот, меваи тару тоза ва хушк афзояд. Дар истеҳсоли ин навъи маҳсулот ҳиссаи иттиҳодияҳои агросаноатӣ ва совхозҳои махсус хеле муҳим аст.
Адабиёт: Нурназаров М. Н., Комплексҳои агросаноатии Тоҷикистон. Душанбе, 1978; Пищевая промышленность Союза Советских Социалистических Республик СССР, Москва 1967; Соломонов Ш. М., Развитие социалистической промышленности Таджикистана, Душанбе, 1967; Народное хозяйство Таджикской Советской Социалистической Республики в 1978 г., Душанбе, 1980. М. Нурназаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …